Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти пешини Фаронсаро ба зиндон маҳкум карданд


Николя Саркозӣ
Николя Саркозӣ

Президенти пешини Фаронса, Николя Саркозӣ, ба як сол зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳ рӯзи 30-юми сентябр ӯро ба сарфи ғайриқонунии маблағ дар маъракаи интихоботии соли 2012 гунаҳкор донист.

Бино ба тафтишот, Саркозӣ барои дубора интихоб шудан ба мансаби раиси ҷумҳурӣ аз маблағи муайянкардаи қонун тақрибан ду баробар бештар харҷ карда, ҳамзамон кӯшидааст, онро пинҳон кунад.

Саркозӣ ин иттиҳомро рад карда, иддао намудааст, ки масъули молии маъракаи интихоботияш набуд ва аз харҷи зиёд дар он дарак надорад.

Вакили мудофеи президенти пешин гуфт, аз рӯйи ҳукм шикоят мебаранд. Ҳатто агар шикояти онҳо инкор шавад ҳам, гумон аст, ки Саркозӣ ба зиндон биравад. Додгоҳ гуфтааст, ӯ метавонад бо дастпонаи электронӣ ҷазоро дар хона адо кунад.

Раиси ҷумҳури пешини Фаронса баҳори имсол ба талоши дарёфти иттилои маҳрамона аз додгустари Додгоҳи бознигарии Фаронса гунаҳкор шуда буд.

Николя Саркозии 66-сола аз соли 2007 то 2012 президенти Фаронса буд.

XS
SM
MD
LG