Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ким Чен Ун хост, хатти телефон бо Кореяи Ҷанубӣ дубора барқарор шавад


Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ.
Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ.

Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ, мегӯяд, моил аст, хатти телефон бо Кореяи Ҷанубиро аз аввали моҳи октябр барқарор кунад, аммо пешниҳоди Амрикоро барои гуфтугӯ бидуни тағйири "сиёсати душманона"-и Иёлоти Муттаҳида намепазирад.

Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ рӯзи 30-юми сентябр хабар дод, ки Ким Чен Ун дар порлумони кишвараш гуфт, "барқарории хатҳои иртибототии телефонӣ бар асоси хостаҳо ва орзуҳои мардум ва дар ростои сулҳ байни ду Корея хоҳад буд".

Кореяи Шимолӣ дар эътироз ба ҳамкориҳои низомии муштараки Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико, дар моҳи август хатти тамоси телефониро бо ҳамсояи ҷанубиаш қатъ кард.

Мақомҳои амрикоӣ ибрози умед кардаанд, ки Кореяи Шимолиро ба мизи гуфтугӯҳо баргардонанд. Аммо мақомҳои амрикоӣ гуфтаанд, то замоне Кореяи Шимолӣ қадамҳои мушаххас барои халъи силоҳи ҳастаӣ набардорад, таҳримҳои ин кишвар идома хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG