Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Афғонистон ва "Толибон" дар Итолиё


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар нишасти изтирорӣ ё фавқулодаи бист кишвари пешрафтаи ҷаҳон (G20) дар Итолиё масъалаи Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд. Нахуствазири Итолиё 29-уми сентябр дар нишасти матбуотӣ дар Рум гуфт, "ҳамоиш 12-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд". Вай афзуд, ҷомеаи байнулмилалӣ бояд стратегияеро таҳия кунад, то нагузорад, ки Афғонистон ба паноҳгоҳи амни шӯришиён табдил шавад. Ба гуфтаи сарвазири Итолиё, дар ҷамъомади мазкур, ки ду ҳафта баъд баргузор мегшавад, ҳамчунин намояндагони Қатар, Сандуқи Байнулмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ ҳам иштирок хоҳанд кард. Итолиё имсол раёсати даврии "Гуруҳи 20"-ро бар дӯш дорад.

XS
SM
MD
LG