Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ню-Йорк зидди ҳукумати Бердимуҳаммадов эътироз карданд


Эътироз зидди ҳукумати Туркманистон дар Ню-Йорк. 28 сентябр, 2021.
Эътироз зидди ҳукумати Туркманистон дар Ню-Йорк. 28 сентябр, 2021.

Фаъолон ва мунтақидони ҳукумати Туркманистон дар хориҷ аз ин кишвар ба эътироз зидди ҳукумати президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов шуруъ карданд.

Иқдомҳои эътирозӣ рӯзи 28 сентябр назди бинои СММ дар Ню-Йорк шуруъ шуда, 29 сентябр пушти дари намояндагии СММ дар Женева идома карданд.

Ширкатдорони эътирозҳо талош доранд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкили мардуми Туркманистон ҷалб созанд.

Эътирозгарон дар талош ҳастанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеа ба вазъи паҳншавии вабои коронавирус дар Туркманистон ва инкори мавҷудияти вабо аз сӯи мақомоти Туркманистон ҷалб шавад.

"Одамон дар Туркманистон ба кӯмак эҳтиёҷ доранд, онҳо аз вабои коронавирус мефавтанд. Моро касе намешунавад. Ба Туркманистон кӯмак кунед!", - гуфт Лайло Музапберова, як фаъоли Туркманистон.

XS
SM
MD
LG