Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гашти низомӣ дар Дарвози Тоҷикистон чанд рӯз баъд аз таҳдиди "Толибон". АКС


Паради низомии нирӯҳои Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Дарвоз. 27-уми сентябри соли 2021
Паради низомии нирӯҳои Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Дарвоз. 27-уми сентябри соли 2021

Рӯзи 27-уми сентябр дар маркази ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, ҳаммарз бо Афғонистон, дар ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон парад ё гашти низомии нерӯҳои сарҳадӣ, нерӯҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Хадамоти матбуоти президент мегӯяд, дар умум дар гашти низомӣ ду ҳазор афсару сарбоз қадам зада, 50 техникаи ҳарбӣ ба намоиш гузошта шуд. Ин гашти низомӣ дар пайи он сурат мегирад, ки ду рӯз пеш гуруҳи "Толибон" гуфт, ҳазорон маргталабро дар вилояти Тахори Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистон, ҷойгир кардааст. Аз ин қабл, мақомоти тоҷик гуфта буданд, аз омодагии бархе аз ҷангҷӯёни тоҷику қафқозии зери назари "Толибон" барои вуруд ба хоки Тоҷикистон хабар гирифтаанд. Намояндагони "Толибон" ин ҳарфҳоро рад карда, гуфтанд, ба ҳеч гуруҳ иҷоза намедиҳанд, ки аз қаламрави Афғонистон вориди хоки кишвари ҳамсоя шаванд. ​

XS
SM
MD
LG