Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане аз Турсунзода барои озори арӯси хонавода зиндонӣ шуд. Ду тараф бо ҳукм розӣ нестанд. ВИДЕО


Зархол Мустонова рӯзи 7-уми сентябр дар суҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки дар марги келинаш даст надорад
Зархол Мустонова рӯзи 7-уми сентябр дар суҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки дар марги келинаш даст надорад

Додгоҳи шаҳри Турсунзода хушдомани як арӯси ҷавонмаргро бо гуноҳи ба худкушӣ расондани келинаш ба 5 сол зиндон маҳкум карда, ҳамзамон, бар асоси қонуни афв якуним сол ҳабси ӯро кам намудааст.

Дар додгоҳ рӯзи 27-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Зархол Мустонова барои он ба зиндон маҳкум шуд, ки "пайваста келинаш Хуршеда Холмуродоваи 25-соларо азобу уқубати равонӣ медод ва ӯ ба ин озору бадрафторӣ тоб наоварда, худро кушт."

Ҳукм 20-уми сентябри имсол содир шудааст. Хешовандони Зархол Мустонова гуфтаанд, ҳукм ноодилона аст ва ба додгоҳи болоӣ шикоят мебаранд. Пайвандони Хуршеда Холмуродова низ бо ҳукм розӣ нестанд, чун муҳлати ҷазоро кам мешуморанд.

Ба гуфтаи мақомот, Хуршеда Холмуродова, донишҷӯйи курси чаҳоруми Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода, рӯзи 12-уми июни имсол, баъди хӯрдани сиркои зиёд ба ҳалокат расидааст.

Хуршеда Холмуродова
Хуршеда Холмуродова

Чорӣ Холмуродов, падари Хуршеда Холмуродова, рӯзи 27-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба бовари онҳо, духтараш худкушӣ накарда, "балки тавассути сирко додан кушта шудааст". "Аз ин рӯ, бар асоси куштор бояд парвандаи ҷиноӣ кушоянд, на ба худкушӣ расондан", -- гуфт ӯ.

Холмуродов ҳамзамон иддао кард, ки вақте ҷасади духтарашро диданд, дар бадани ӯ осори шиканҷа намудор буд.

Радиои Озодӣ 7-уми сентябр дар бораи марги Хуршеда Холмуродова гузориш таҳия кард. Он замон Зархол Мустонова дар озодӣ буд ва дар суҳбат бо мо гуфт, ба марги келинаш "ҳеч рабт надорад". Аммо дар ҳукми додгоҳ омадааст, Зархол Мустонова дар мурофиа худро дар марги арӯси хонавода "қисман гунаҳкор" шумурда, "аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ намуд".

Яке аз пайвандони Мустонова бе зикри ном рӯзи душанбе гуфт, "Хуршеда Холмуродова зери озору шиканҷа набуд ва бинобар он аз рӯйи ҳукм шикоят мекунанд".

Дар ҳукми Додгоҳи шаҳри Турсунзода, ки нусхае аз он дар ихтиёри Радиои Озодӣ аст, гуфтаанд, Хуршеда Холмуродова рӯзи 12-уми июн нияти рафтан ба тӯйи яке аз пайвандонро дошт, "аммо бо мухолифати сахти хушдоман рӯбарӯ шуд".

"Зархол Мустонова дер аз аз хоб хестани арӯсро баҳона карда, монеи иштироки ӯ дар тӯй шуда, боз таҳқиру дашном додааст. Ин ҳолатҳо боиси он гардидааст, ки Хуршеда ба ошхона даромада, бо мақсади худкушӣ сирко нӯшад", -- гуфта шудааст дар ҳукм.

Навор аз бойгонии Озодӣ:

Модари Хуршеда мехоҳад, гунаҳкорони марги ҷигарбандаш ҷазо гиранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Хуршеда Холмуродова донишҷӯйи соли чаҳоруми Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода буд. Ду сол пеш оиладор шуд. Аз ӯ як писар мондааст. Волидонаш мегӯянд, оилаи шавҳараш ба таҳсили ӯ розӣ набуданд ва доим ҷангу ҷанҷол мекарданд. Чунин иддаоро тарафи дигар рад мекунад.

Пайдо кардани ҷасади келин дар хонаи шавҳар дар Тоҷикистон мисоли нав нест. Дар гузашта ҳам айни ҳодисаҳо дида шудаанд ва ба мақомоту коршиносон гуфтаанд, ки сабаби аксарияти ин фоҷиаҳо ҷанҷолҳои хонаводагӣ аст. Дигар сабаб, ба гуфтаи равоншиносон, бемориҳои равонӣ ва афсурдагии арӯсони ҷавон аст, ки нодида гирифта мешавад ва бо фоҷиа меанҷомад.

Соли 2018 дар ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ) арӯси ҷавони ҳомиларо, ки фарзанди хурди дигар ҳам дошт аз банди дор пайдо карданд. Додгоҳ баъдан хушдомани ӯро барои ба худкушӣ расонидани духтар ба 5, 5 сол зиндонӣ кард.

XS
SM
MD
LG