Додгоҳе дар Қирғизистон муовини пешини вазири корҳои дохилии ин кишвар Курсан Асановро, ки рӯзи 14 сентябр дар доираи парвандаи ғасби қудрат боздошт шуда буд, ба муҳлати ду моҳ ҳабс кард. Ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Чуй нигаҳдорӣ мешавад.
Бино ба гуфтаи мақомоти қирғиз, Асанов гӯё барои ғасби қудрат дар он кишвар бо шахсони дигар "омодагии сахт" медид. Зидди вай бо банди "Ғасби хушунатомези ҳукумат" айб эълом карда шудааст.
Пеш аз боздошти Асанов сабти гутугӯи телефоние дар Интернет нашр шуд, ки гӯё дар он муовини пешини вазири умури дохилии Қирғизистон бо Алмос Сарибоев суҳбат мекунад. Худи Сарибоев, ки узви шӯрои мудирони бонки "Толубай" буд, ҳабс шудааст.
Вакилони дифои Асанов гуфтанд, ӯ гуноҳе надорад ва бар асоси иттилои дуруғ дастгир шудааст.