Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастгоҳ аз Додситонӣ хост, марги занеро, ки ҷасадаш бо 26 зарби корд ёфт шуд, таҳқиқ кунад


Манораи Абдуфаттоҳ

Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аз Додситонии кулли кишвар хостааст, марги занеро, ки ҷасадаш моҳи июни имсол дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд пайдо шуд, таҳқиқ кунад.

Додситонии ноҳияи Файзобод марги Манораи Абдуфаттоҳро худкушӣ номида, бар асоси хулосаи ташхиси тиббиву додгоҳӣ гуфтааст, "худи ӯ 26 кордро ба баданаш задааст". Наздикони зан ба худкушии ӯ бовар надоранд ва мегӯянд, "бо эҳтимоли зиёд ӯро куштаанд".

Захми корд дар шикам, даст, қафаси сина...

Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар номае, ки моҳи гузашта ба Додситонии кул фиристодааст ва нусхаи он 15-уми сентябр дастраси Радиои Озодӣ шуд, хоҳони таҳқиқи ҳодиса шудааст. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, намояндаи онҳо дар ҳамкорӣ бо Додситонии ноҳияи Файзобод далелҳои пешниҳодкардаи пайвандони Манораи Абдуфаттоҳро меомӯзанд.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора, рӯзи 15-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба худкушии духтараш бовар надорад ва он далелҳое, ки тафтишот ҳамчун худкушӣ пешниҳод мекунад, "боварнокарданист".

Дар хулосаи ташхиси тиббиву додгоҳӣ, ки нусхаи он дар ихтиёри Радиои Озодӣ низ ҳаст, гуфта шудааст, "дар шикам, қафаси сина, дастҳо ва гардани ҷасади Манораи Абдуфаттоҳ 26 захм мушоҳида шуд". Коршиносони тиббиву додгоҳӣ гуфтаанд, "захми корд дар бадан чуқур нест, аз ин рӯ, шояд онҳоро худи Манора ба баданаш задааст."

Падари зан мегӯяд, шоҳидон дидаанд, ки пеш аз ҳодиса пайвандони шавҳараш вориди хонаи ӯ шуда буданд. "Кӯдакаш дар назди равоншинос нақл кард, ки модарашро задаанд. Тамоми шоҳидон аз фишору азияти духтарам аз ҷониби хешовандонаш нақл мекунанд. Прокуратураи ноҳияи Файзобод ҳатто онҳоро барои ба худкушӣ расонидан ҷавобгар накардааст ва бо баҳонаҳои зиёд тафтишро кашол медиҳанд", -- гуфт Абдуфаттоҳ Мисоқов.

Наздикони шавҳари Манора аз ибтидо ҳодисаро шарҳ надоданд ва назари онҳо ҳанӯз дастрас нашудааст.

"Боварнакарданӣ" - вокунишҳо ба марги Манора

Нашри хабари марги ин духтар бо 26 зарби корд, ки мақомот онро худкушӣ номида буданд, мавҷи танқидҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Қаҳрамон, як корбари Радиои Озодӣ навиштаааст, “шахсе чунин хулоса додааст, бояд ду бор бо сӯзан ба баданаш бизанад. Агар ин коррро давом дода тавонист, он гоҳ ба фарзияи худкушии ин зан бовар мекунем”.

"Ҳангоми ҳаяҷони сахт одам якбора ду-се корд ба худаш зада метавонад, вале дигар дарди сахт иҷозат намедиҳад, ки ин корро кунад", -- бовар дорад корбари дигар бо номи Ҷамила.

Марги Манора пас аз чанд рӯзе иттифоқ афтодааст, ки ин занро аз хонаи шавҳараш ба хонаи хурде дар маркази ноҳияи Файзобод кӯчонданд. Замони ҳодиса ду духтар ва як писари хурдсоли ӯ дар ошхона будаанд. Ҳамсояҳо низ гуфтаанд, садоеро нашуниданд, вале ҳамон рӯз чанд хешованди шавҳари Манораро дидаанд, ки вориди хонаи ӯ шуданд.

Манора соли 2015 бо як сокини ноҳияи Файзобод оила барпо кард ва аз ӯ се фарзанд мондааст, ки калониаш панҷсола ва хурдиаш шашмоҳа аст.

Дар Тоҷикистон куштор ё худкушӣ дар заминаи муноқишаҳои хонаводагӣ зиёд рӯй медиҳанд. Дар бештари маврид мақомот шахсеро барои "ба худкушӣ расонидан" ба ҷавобгарӣ мекашанд. Дар баъзе ҳолати дигар, нафаре, ки худашро куштааст, "бемори равонӣ" номида мешавад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG