Пайвандҳои дастрасӣ

Марги Манора “пурра худкушӣ” эълон шуд, вале ҳанӯз касе ҷавобгар нест


Манораи Абдуфаттоҳ, сокини Файзобод, ки ҷасадаш бо 26 зарби корд пайдо шуда буд

Додситонии ноҳияи Файзобод марги Манораи Абдуфаттоҳ, сокини 25- солаи ин ноҳияро “пурра худкушӣ” номида, нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи 109-и Кодекси ҷиноятӣ, "ба худкушӣ расонидан" парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Ҳарчанд, додситонӣ гуфтааст, ки Манораро "ба худкушӣ расонидаанд", вале касеро дар робита ба ин айбдор накардааст.

Ҷасади ин зани ҷавон рӯзи 22-уми июни соли равон дар манзили зисташ бо 26 зарби корд пайдо шуда буд. Наздиконаш мегӯянд, ӯ қасди худкӯшӣ надошт ва ӯро куштаанд, вале мақомот мегӯянд, ташхисҳо нишон додааст, ки ӯ худкушӣ кардааст.

Як мақоми додситонӣ дар ноҳияи Файзобод гуфт, тасмими худкушӣ эълон кардани ҳодиса бар асоси натиҷаи ташхисҳо сурат гирифт. Ӯ гуфт, ҳоло марги ин зан бар асоси қисми якуми моддаи 109-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “ба худкушӣ расонидан” тафтиш мешавад, вале нисбати касе парванда боз нашудааст. “Танҳо нисбати ҳодиса парванда боз шудааст. Агар исбот шавад, ки касе ӯро ба худкушӣ расонидааст, бар асоси ин модда ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ҳоло гумонбарон ҳастанд, вале нисбати ягон нафараш айб эълон нашудааст.”,--гуфт ӯ.

Худкӯшӣ эълон шудани марги ин зан норозигии пайвандони ӯро ба бор овардааст. Онҳо дар номае, ки рӯзи 17-уми июл ба Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон супурданд, хостори тафтиши одилонаи ҳодиса шудаанд.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора мегӯяд, боварнокарданӣ ҳаст, ки духтараш ба бадани худаш 26 корд зада бошад. Ӯ аз он шикоят кард, ки марги духтараш дуруст тафтиш намешавад.

Ин мард, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия буд, пас аз марги духтараш фавран ба Тоҷикистон баргашт ва талаб кард, ки ҷасади ӯро аз нав ташхис кунанд. Ду ташхис сабаби марги ӯро худкушӣ эълон карданд.

Ба гуфтаи падар, осори зарбҳои корд бештар дар гулӯ ва дастони духтараш дида мешуд, ки ҳеҷ шабоҳате ба худкӯшӣ надоштанд.

“Вақте одам як корд ё ду корд худашро зад, ҷонаш месӯзад ва дигар ин корро намекунад. Дастону гулӯяш бурида шуда буд, ки як нафар худаш чунин карда наметавонад. Ҳоло ба ҳам ниҳодҳо шикоят навиштам, ки ҳодисаро дуруст тафтиш кунанд.”,--гуфт ӯ.

Ҳодисаро Додситонӣ ва ШВКД дар ноҳияи Файзобод таҳқиқ доранд. Мақомот то кунун расман ҳодисаро шарҳ надоданд ва нагуфтанд, ки бар кадом асос 26 зарби кордро худкушӣ донистаанд.

Шарбону, модари Манора мегӯяд, духтараш ҳеҷ гоҳ дар бораи худкушӣ ҳарф намезад. Ба гуфтаи ӯ, духтараш дар хонави шавҳараш зиндагии хуб надошт ва шавҳараш ҳамеша ӯро ба талоқ таҳдид мекард.

Пайвандони шавҳари Манора ба тамосҳои батакрори телефонӣ посух надоданд.

Ҳодиса пас аз чанд рӯзе иттифоқ афтодааст, ки ин занро аз хонаи шавҳараш ба манзили хурде дар маркази ноҳияи Файзобод мекӯчонанд. Замони ҳодиса ду духтар ва як писари хурдсоли ӯ дар ошхонаи манзили зист будаанд. Ҳамсояҳо низ гуфтаанд, ки ҳеҷ садоеро нашунидаанд, вале ҳамон рӯз чанд наздики шавҳари Манораро дидаанд, ки вориди манзили ин зан шудаанд. Исми он нафаронро онҳо ба мақомот гуфтаанд.

Манора соли 2015 ба як сокини ноҳия издивоҷ кардаааст. Аз ӯ се фарзанд мондааст, ки калонаш панҷсола ва хурдиаш шашмоҳа аст.

Маъмулан, ҳодисаҳои куштор ва ё худкушӣ дар заминаи муноқишаҳои хонаводагӣ дар Тоҷикистон зиёд рӯх медиҳанд. Дар бештари маврид мақомот нафареро барои "ба худкушӣ расонидан" ба ҷавобгарӣ мекашанд. Дар бархе ҳолати дигар, нафаре, ки худашро куштааст, "бемории равонӣ" номида мешавад.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG