Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПАД дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон машқи васеи низомӣ мегузаронад


Станислав Зас, раиси Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) рӯзи 16-уми сентябр дар поёни ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ин созмон гуфт, яке аз пурсишҳои асосӣ, ки имруз раҳбарони кишварҳо баррасӣ карданд, вазъияти Афғонистон буд, ки баъди хуруҷи неруҳои ИМА вазъият дар онҷо якбора тағйир ёфт.

Ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ бо ҳузури президентҳои Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, нахуствазири Арманистон ва вазири корҳои хориҷии Русия дар Душанбе баргузор шуд.

"Омадани якбораи ҳаракати Толибон ва якбора зери назорат гирифтани тамоми хоки Афғонистон, аз ҷумла шаҳри Кобул ва минтақаҳои марзӣ, инчунин тағйири қудрат дар он кишвар, нигаронии ҷиддии моро ба миён овардааст",-афзуд Станислав Зас.

Ба гуфтаи оқои Зас, кишварҳои СПАД вазъияти тағйирёбанда дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро ҷиддӣ пайгирӣ доранд ва мақсади асосии созмон ҳамчунон таъмини амният ва бехатарӣ дар кишварҳои узв аст. "Ҳамзамон мо дар фаъолияти худ чун пештара ба роҳи ҳалли сиёсӣ-дипломатӣ бартарӣ медиҳем",-гуфт ӯ.

Раиси СПАД ҳамзамон афзуд, ки ҳама кишварҳои узв ба созиш расиданд, ки як моҳ пас дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон машқи муштараки низомӣ баргузор мекунанд.

Раҳбарии давраии ин созмони зери нуфузи Русия барои як сол ба Арманистон гузашт. Никола Пашинян, нахуствазири Арманистон дар ин ҳамоиш гуфт, ки кишварҳои СПАД ба тавсеаи нерӯҳои худ бо фановариҳои навин, аз ҷумла дронҳо ниёз дорад.

Қарор аст фардо раҳбарони СПАД ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар як ҷаласаи муштарак вазъи Афғонистонро баррасӣ кунанд.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро соли 1992 таъсис доданд ва феълан Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви онанд. СПАД бо ҳадафи "тақвияти сулҳ, амнияту устуворӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи дастаҷамъии истиқлол, ягонагии марзӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узв таъсис шудааст", вале онро як созмони зери нуфузи Русия меноманд.

XS
SM
MD
LG