Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон узви комилҳуқуқи Шӯрои туркӣ мешавад


Моҳи ноябри имсол Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон ба "Созмони кишварҳои туркзабон" табдили ном хоҳад кард.

Интизор меравад, ки Туркманистон низ узви комилҳуқуқи ин созмон шавад.

Дар ин бора нашрияи озарбойҷонии Report.az ​бо такя ба сарвазири Туркия Биналӣ Йилдирим хабар медиҳад.

Саммити VIII Шӯрои туркӣ рӯзи 12 ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия дар назар аст.

Айни замон Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркия шомили шӯрои мазкур ҳастанд. Шӯрои соли 2009 таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG