Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвозҳо миёни Эрон ва Афғонистон дигарбора оғоз шуд


Ҳавопаймои ширкати "Моҳон". Фурудгоҳи Кобул, 15 сентяб, 2021.
Ҳавопаймои ширкати "Моҳон". Фурудгоҳи Кобул, 15 сентяб, 2021.

Парвозҳои мусофирбарӣ байни Эрон ва Афғонистон дигарбора оғоз шудааст. Дар пайи суқути Кобул ба дасти Толибон дар миёнаҳои моҳи август, парвозҳо миёни ду кишвар қатъ шуда буд. Хабаргузории эронии "Форс" рузи чаҳоршанбеи 15-уми сентябр хабар дод, ки дар ин руз ширкати ҳавопаймоии "Моҳон" як парвози чартерӣ анҷом дод ва 19 мусофирро ба фурудгоҳи Кобул бурд. Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳоли ҳозир ин ҳавопаймои мусофирбар бо 26 мусофир дар ҳоли баргашт ба Теҳрон аст. Дар рузҳои ахир ширкатҳои ҳавонавардии Қатар, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Покистон ба Кобул парвозҳо доштанд. Пас аз тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон, Амрико дар ду ҳафта беш аз 100 ҳазор нафарро аз тариқи Фурудгоҳи Кобул ба берун бурд. Дар рузҳои ахир як ширкати ҳавопаймоии Қатар дар ду парвоз беш аз се сад тан шаҳрвандони хориҷиро, ки дар Афғонистон монда буданд, ба Давҳа интиқол дод.

XS
SM
MD
LG