Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко ва Тоқаев ба Тоҷикистон расиданд


Александр Лукашенко ва Қосимҷомарт Тоқаев
Александр Лукашенко ва Қосимҷомарт Тоқаев

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус ва Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, шоми 15-уми сентябр ба Душанбе омадаанд. Қарор аст, Лукашенко ва Тоқаев дар ҷаласаҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой иштирок кунанд. Ҷаласаҳо 17 ва 18-уми сентябр баргузор мешаванд.

Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон гуфт, Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) низ дар роҳ ба пойтахти Тоҷикистон аст. Дар назар аст, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян ҳам ба Душанбе биояд.

Иброҳим Раисӣ – раиси ҷумҳурии Эрон, Имрон Хон – нахуствазири Покистон, Шавкат Мирзиёев – раиси ҷумҳурии Узбекистон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов – раиси ҷумҳурии Туркманистон рӯзи 16-уми сентябр вориди Душанбе хоҳанд шуд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Си Ҷин Пин, роҳбари Чин дар ҷаласаи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба таври онлайн иштирок мекунанд.

Дигаргунӣ дар Афғонистон аз мавзуъҳои асосии гуфтугӯи роҳбарони СПАД ва СҲШ дар Душанбе гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG