Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат боз аз сабт нашудани сирояти COVID-19 дар Тоҷикистон хабар дод, аммо шубҳаҳо боқист


Аз бойгонӣ
Аз бойгонӣ

Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, ки рӯзи 12-уми сентябр ягон мавриди гирифтории сокинонро ба бемории коронавируси нав сабт накарданд. Тасдиқи мустақилонаи хабар аз манобеи дигар ғайриимкон аст.

Мақомот ин ҳолатро ба бештар эм шудани сокинон вобаста донистанд. Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ 13-уми сентябр дар Фейсбук навишт, Тоҷикистон то кунун тавассути барномаи COVAX беш аз 4 миллиону 800 ҳазор воя ваксина гирифта, зиёда аз ду миллион нафарро эм кардааст.

"Новобаста ба ин, назорати эпидемиологии бемории COVID-19 дар гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ба таври мунтазам идома ёфта, равуои шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ва ба қаламрави мамлакат таҳти назорати қатъӣ қарор дорад", -- гуфтанд дар вазорат.

Дар умум, ба иттилои расмӣ, бемории ҳамагир ба 17 ҳазору 84 кас сироят карда, боис ба марги 124 нафар гардидааст. Баъзе аз сокинону мутахассисон бовар доранд, шумори расмии беморону фавтидагон бештар аз ин аст.

Дар Тоҷикистон охири моҳи апрели соли 2020 ва дар пайи фишори дохиливу берунӣ вуҷуди коронавирусро эътироф карданд.

Мақомоти Тоҷикистон аз моҳи январ то охири моҳи июни имсол пойфишорӣ доштанд, ки дар кишвар сирояти коронавирус сабт нашудааст. Ситоди муқобила бо коронавирус танҳо 21-уми июни имсол тасдиқ кард, ки сокинон дубора ба бемории ҳамагир мубтало шудаанд. Ҳоло баъди тақрибан се моҳи он дубора аз сабт нашудани беморӣ мегӯянд.

XS
SM
MD
LG