Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халабонҳои афғонро аз Узбекистон ба пойгоҳи Амрико дар Иморот мебаранд


Аз бойгонӣ
Аз бойгонӣ

Ҷараёни ба берун бурдани халабонҳои Афғонистон аз Узбекистон оғоз шуд.

Ин халабонҳо, ки аз тарафи Иёлоти Муттаҳида омӯзиш дидаанд, пеш аз расидани “Толибон” ба Кобул бо аъзои оилаашон ба Узбекистон рафтаанд.

Гуруҳи “Толибон” рӯзи 15-уми августи имсол пойтахти Афғонистонро ишғол кард.

Бино ба гузориши рӯзномаи The New York Times, халабонҳо ба як пойгоҳи низомии Амрико дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бурда мешаванд.

Яке аз халабонҳо дар суҳбат бо хабаргузории “Ройтерз” гуфтааст, раванди интиқоли гуруҳе аз халабонҳо рӯзи 12-уми сентябр шуруъ шуд. Интиқоли ин афрод бар асоси тавофуқи Иёлоти Муттаҳида ва Узбекистон сурат мегирад.

Рӯзномаи The Wall Street Journal рӯзи шанбе гузориш дода буд, ки ду тараф дар ин маврид ҳафтаи гузашта ба созиш расиданд. Дар гузориш шумори халабонҳо ва аъзои хонаводаашонро 585 нафар шумурданд.

XS
SM
MD
LG