Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маскав ба 200 ҳазор муҳоҷири корӣ ниёз дорад"


Муҳоҷирони корӣ дар навбати гирифтани ваксина дар Русия. Шаҳри Маскав, моҳи июни соли 2021
Муҳоҷирони корӣ дар навбати гирифтани ваксина дар Русия. Шаҳри Маскав, моҳи июни соли 2021

Муовини шаҳрдори Маскав Владимир Ефимов гуфтааст, дар сохтмонҳои пойтахти Русия мушкили норасоии бинокорон ҳанӯз ҳам мушоҳида шуда, дар ҳоли ҳозир 200 ҳазор муҳоҷири кории хориҷӣ намерасад.

"Умед дорем, рӯзҳои наздик маҳдудияти вуруди онҳо ба Русия сабуктар мешавад. Корфармоён, пеш аз ҳама ширкатҳои сохтмонӣ, дар пайи норасоии нерӯи корӣ аз якдигар корманд мехаранд ва ин сабаби болоравии ҳаққи хидматрасонӣ хоҳад шуд", -- афзудааст Ефимов.

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин аввали моҳи августи имсол гуфт, яке аз сабабҳои афзоиши таваррум рафтани муҳоҷирон аз Русия аст.

Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои сохтмонӣ соли гузашта ба далели пандемияи коронавирус маҷбур шуданд, ду моҳ корро қатъ ва кормандон, аз ҷумла хориҷиҳоро ҷавоб диҳанд. Хориҷиҳо низ ба ватан баргаштанд.

"Ин болоравии арзиши нерӯи кориро дар пай дошт ва дар натиҷа нархи ҳама чиз ҳам боло рафт. Ҳамаи иқтисодшиносҳо ҳам мегӯянд, ки вақте маоши кормандон бидуни афзоиши ҳаҷми истеҳсолот боло рафт, чи хоҳад шуд ва бинобар ин, ҳоло мо шоҳиди афзоиши таваррум шудаем", -- изҳор дошт шаҳрдори пойтахти Русия.

XS
SM
MD
LG