Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размоишҳои СҲШ дар Оренбурги Русия


Машқҳои низомии минтақавӣ дар майдони Донгузи Русия дар соли 2019-ро президентони Русия ва Қирғизистон - Владимир Путин ва Сооронбой Ҷеенбеков мушоҳида кардаанд
Машқҳои низомии минтақавӣ дар майдони Донгузи Русия дар соли 2019-ро президентони Русия ва Қирғизистон - Владимир Путин ва Сооронбой Ҷеенбеков мушоҳида кардаанд

Дар Русия машқҳои низомии нирӯҳои кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой шурӯъ мешавад. Хабаргузориҳои расмии Русия ва Чин мегӯянд, машқҳои низомии “Рисолати сулҳ 2021” бо ширкати тахминан 4 ҳазор низомии кишварҳои узви ин созмон дар таърихи 11 то 25-уми сентябр дар майдони ҳарбии Донгузи вилояти Оренбурги Русия баргузор мешаванд. Ба узвияти СҲШ Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Чин, Тоҷикистон ва Узбекистон дохил мешаванд. Чин гуфтааст, ки 558 низомиаш барои ширкат дар ин машқҳо бо қатор ба вилояти Орунбурги Русия фиристод, маълум нест саҳми дигар аъзои созмон чӣ будааст, аз ҷумла, мақомоти тоҷик ҳанӯз ин хабарро нашр ваё шарҳ надодаанд.

Матбуоти чиниву русӣ мегӯяд, ки машқҳои низомӣ дар чаҳорчӯби барномаҳои муқобила бо терроризм барпо мешаванд ва бо сабаби пандемияи коронавирус, аз соли гузашта ба имсол таъин шуданд.

Ин дар ҳолест, ки дар як моҳи охир машқҳои низомӣ дар қаламрави кишварҳои Созмони Паймони амниияти дастаҷамъӣ, ки як ташкилоти сиёсиву низомии зери назари Русия мебошад, бо сабаби тағйироти вазъ дар Афғонистон афзоиш меёбанд. Сари кор омадани “Толибон” дар Афғонистон дар нимаи моҳи август бисёр кишварҳои ҷаҳон ва ба вижа минтақаи Осиёи Марказиро нигарон кардааст.

XS
SM
MD
LG