Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Тоҷикистон ба размоиши СПАД дар Қирғизистон нарафтанд, чаро?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Нерӯҳои Тоҷикистон дар размоиши Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ), як созмони зери нуфузи Русия, дар Қирғизистон иштирок намекунанд. Тамрин аз 7 то 9-уми сентябр баргузор мешавад.

Нурлан Кирешеев, муовини вазири дифои Қирғизистон, рӯзи 6-уми сентябр сабаби иштирок накардани сарбозону афсарони тоҷикро шарҳ надод, аммо гуфт, "нерӯҳои Қирғизистон дар размоишҳое, ки дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, ширкат хоҳанд кард."

Қарор аст, дар моҳи октябри имсол дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон размоиши нерӯҳои СПАД баргузор шавад.

Як манбаи хабаргузории "Азия-Плюс" дар Вазорати дифои Тоҷикистон 7-уми сентябр гуфтааст, дар давраи тамрин бахшида ба сисолагии истиқлол маъракаҳои зиёде бо иштироки низомиён ба нақша гирифта шудааст ва, аз ин рӯ, иштирок карда наметавонанд.

Сарбозону афсарони тоҷик рӯзи 7-уми сентябр дар гашти низомӣ дар Душанбе ва гӯшаҳои дигари кишвар иштирок карданд.

"Айни замон гуфта наметавон, ки Тоҷикистон тамрин дар Қирғизистонро пурра нодида гирифт. Афсарони баландпояи Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ онро мушоҳида мекунанд", -- афзудааст ӯ.

Дар размоиши рӯзҳои 7-9-уми сентябр низомиҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва ситоди муттаҳидаи СПАД ширкат мекунад.

Дар моҳи августи имсол Қазоқистону Узбекистон дар алоҳидагӣ размоиш барпо карда буданд. Дар Тоҷикистон низ якҷо бо низомиҳои Узбекистону Русия размоиш баргузор шуд.

Санҷиши омодабоши нерӯҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари дигаргуниҳои Афғонистон афзудааст. Гуруҳи "Толибон" пас аз бист соли сарнагунии ҳокимияташ моҳи август дигарбора назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт.

Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG