Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ҳамлаи шаби гузаштаи ҳавопаймоҳоро ба Панҷшер маҳкум кард


Саид Хатибзода, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон
Саид Хатибзода, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон

Эрон муҳосираи дараи Панҷшер дар Афғонистон ва ҳамлаи шаби гузаштаи ҳавопаймоҳо ба ин минтақаро шадидан маҳкум кардааст.

Аз шаби гузашта ба ин тараф дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо хабарҳо нашр шуд, ки ҳавопаймоҳои Покистон мавзеъҳои Ҷабҳаи муқовимати миллиро дар Панҷшер бомбборон кардаанд. Аз чанд руз ба ин тараф миёни размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ва ҷанҷӯёни Толибон дар дараи Панҷшер даргириҳо идома доранд.

Саид Хатибзода, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 6-уми сентябр ҳангоми нишасти хабарӣ дар посух ба суол дар мавриди таҳаввулоти охирин дар дараи Панҷшер ва ҳамкории Покистон бо Толибон гуфтааст, "ахборе, ки аз Панҷшер мерасад, нигаронкунанда аст ва ҳамлаҳои дишабро маҳкум мекунем".

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон бидуни ном бурдан аз Покистон гуфтааст, "шаҳодати раҳбарони Афғонистон мояи таассуф аст. Дахолати хориҷие, ки ишора кардед, бояд баррасӣ шавад ва мо ин мавзуъро дар дасти баррасӣ дорем. Таърих нишон додааст, ки дахолати мустақим ва ғайримустақими хориҷӣ дар умури Афғонистон натиҷае ба ҷуз аз шикаст барои нерӯҳои таҷовузгар надорад. Мардуми Афғонистон мардуме истиқлолталаб ҳастанд ва ҳар гуна дахолати хориҷӣ дар умури Афғонистон маҳкум аст".

Вай ҳамчунин гуфтааст, ахбори нашршуда дар мавриди муҳосираи Панҷшер мояи нигаронӣ аст ва бояд усули башардӯстонаи ҳуқуқи башар дар Афғонистон ва Панҷшер иҷро шавад.

Расонаҳои ҳиндӣ рӯзи душанбе гузориш додаанд, ки чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Покистон дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои Толибон ба дараи Панҷшер ба мавзеъҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳамла кардаанд. Рӯзномаи India Today бо нашри гузорише дар ин бора, ба гузаштаи ҳузури нерӯҳои покистонӣ ва пуштибонӣ аз нерӯҳои Толибон ишора кардааст. Пеш аз ин мақомҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ эълон карда буданд, ки дар ҷараёни даргирӣ бо Толибон афродеро асир карда буданд, ки покистонӣ буданд. Дар наворҳое, ки аз сӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид, дида мешуд, ки ин асирон ба забонҳои маҳаллии Покистон суҳбат мекарданд.

Ҳукумати Покистон то ба ҳол дар робита ба хабарҳо дар мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои ин кишвар ба мавзеъҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ посух надодааст. Аммо аз чанд руз ба ин тараф генерал Файз Ҳамид, раиси Созмони истихбороти Покистон ё ISI дар Кобул ба сар мебарад.

Тибқи гузоришҳо, садҳо ҷангҷӯи Толибон дар даргирии рӯзҳои гузашта дар Панҷшер ба муҳосира афтоданд ва яке аз ҳадафҳои сафари ин мақоми баландпояи покистонӣ ба Кобул, ҳалли мушкили Панҷшер будааст.

Дар ҳамин ҳол, ахбор аз Панҷшер зиддунақиз аст. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ахбори тасарруфи Панҷшерро аз сӯи Толибон рад мекунад. Гуруҳи Толибон иддао дорад, ки Панҷшер зери итоати ҷанҷӯёни онҳо даромадааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, рӯзи 6-уми сентябр бо нашри эъломия гуфт, Панҷшер ба таври комил ба назорати ин гурӯҳ даромад. Ӯ гуфтааст, бо тасарруфи Панҷшер "кишвар пурра аз гирдоби ҷанг" берун шуд. Дар эъломияи ин гурӯҳи тундгаро гуфта шудааст, "Толибон ба бошандагони вилояти Панҷшер итминон медиҳад, ки бо онҳо ҳеҷ гуна бархӯрди табъизомез сурат намегирад".

Дар пайи нашри хабарии ишғоли Панҷшер аз сӯи Толибон, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфт, "иддаои душмани мутаҷовиз дар бораи тасарруфи Панҷшер нодуруст аст. Нерӯҳои муқовимати миллӣ дар қароргоҳҳо, ки аз пеш эҷод шуда буд, ҳузур доранд ва аз шаби гузашта то кунун ҷанг дар нуқтаҳои мухталиф идома дорад. Мардуми Афғонистон мутмаин бошанд, ки муқовимат то расидан ба озодӣ ва адолат ба нусрати Худованд идома меёбад."

Тасдиқи мустақили ҳодисаҳо дар Панҷшер душвор аст, зеро гурӯҳи Толибон хатҳои телефон, интернет ва барқро дар ин ноҳия қатъ кардааст.

Рӯзи гузашта Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пешниҳод кард, ки омодаи сулҳ аст, агар Толибон ҳамлаҳои худро ба Панҷшер қатъ кунад. Аммо Толибон ин тарҳи Ҷабҳаи муқовимати миллиро напазируфтанд.

XS
SM
MD
LG