Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи Толибон гуфт, ки ҳукумати навро ин ҳафта эълон мекунанд


Кобул, 3-юми сентябри 2021
Кобул, 3-юми сентябри 2021

Гуруҳи Толибон таъкид дорад, ки сохтори низом ва аъзои ҳукумати нав дар Афғонистон ҳафтаи ҷорӣ эълон хоҳад шуд.

Аҳмад Васиқ, муовини Кумисюни фарҳангии Толибон, бо он ки рӯзи мушаххаси эълони ҳукумати навро нагуфт, таъкид кард, ки омодагиҳо дар ҳоли такмил шудан аст: “Ба зудӣ ин маросим анҷом хоҳад шуд. Дар рӯзҳои наздик, яъне дар ҷараёни ин ҳафта."

Интизор мерафт, ки Толибон ҳукумати худро рӯзи ҷумъаи гузашта, 3-юми сентябр, эълон кунад, аммо то ба ҳол ба ин кор муваффақ нашудааст.

Ҳамзамон бо эълон нашудани ҳукумати Толибон, гузоришҳое аз ихтилофи миёни раҳбарии ин гурӯҳ ба нашр расида, аммо мақомҳои Толибон онро тасдиқ намекунанд.

Пеш аз ин ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон хоста буд, ки дар эҷоди ҳукумати нав ба ҳузури тамоми афғонҳо тавваҷуҳ кунад. Раҳбарияти Толибон ҳам қавл дода буданд, ки ҳукуматашон ҳамашумул хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, гуфтааст, дар Афғонистон аз ҳукумате пуштибонӣ хоҳанд кард, ки бар асоси ройи мардум ташкил шавад.

"Дар онҷо бояд ҳукумате эҷод шавад, ки бар асоси рой ва иродаи мардум омада бошад. Ҷумҳурии исломӣ ҳам дар ин талош аст, ки дар Афғонистон оромӣ бошад. Хунрезӣ ва бародаркушӣ ба поён бирасад ва иродаи мардуми Афғонистон ҳоким шавад", -- гуфтааст Раисӣ.

Эълон нашудани ҳукумати нав дар Афғонистон дар тақрибан се ҳафтаи охир таъсири баде ба тамоми соҳаҳо доштааст. Дар ҳоли ҳозири садҳо ҳазор корманди давлатӣ хонанишин шудаанд.

Гуруҳи Толибон пас аз тақрибан бист соли сарнагунии ҳокимияташ рӯзи 15-уми августи имсол дигарбора назорат бар Афғонистонро ба истиснои вилояти Панҷшер ба даст гирифт.

XS
SM
MD
LG