Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо нафар ба зидди "агенти хориҷӣ" дар Русия эътироз карданд


Маскав
Маскав

Даҳҳо тан дар эътироз ба саркӯби расонаҳои мустақил аз тарафи ҳукумати Русия рӯзи 4-уми сентябр дар Маскав гирдиҳамоӣ карданд.

Иштирокдорони эътироз аксаран аъзои Ҳизби мухолифи “Яблоко”, рӯзноманигорон ва номзадҳои мухолиф дар интихоботи порлумонии 19-уми сентябр дар Русия буданд.

Шуморе аз ин номзадонҳо ҳамчун “агенти хориҷӣ” номбар шудани чанд расонаи мустақил ва рӯзноманигоронро сарзаниш карданд.

Марина Литвинович, як номзади мухолифон, дар роҳпаймоии рӯзи шанбе гуфт, "ҳадафи Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, он аст, ки тамоми расонаҳо бояд нобуд шаванд, ба хотири онки азияташ мекунанд".

Гуфта мешавад, афзоиши фишор аз сӯи Кремлин ба расонаҳо, мухолифони сиёсии ҳукумат ва фаъолони ҳуқуқи башар пеш аз интихоботи порлумонии 19-уми сентябр "бахше аз талоши Путин барои устувор кардани ҳокимияташ дар остонаи интихоботи президентии соли 2024 низ ҳаст".

XS
SM
MD
LG