Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду дафъа воксина хатари олудагии такрорӣ ба COVID-ро ночиз мекунад


Шаҳри Прага. Мошини фурӯши ниқобҳои тиббӣ дар назди як маркази савдо
Шаҳри Прага. Мошини фурӯши ниқобҳои тиббӣ дар назди як маркази савдо

Як таҳқиқоти нав маълум кардааст, ки шахсони эмшуда бар зидди коронавирус дар муқоиса бо шахсони эмнашуда дар 50 дарсади ҳолатҳо хатари камтари олуда шудан ба COVID-ро доранд. Натиҷаҳои таҳқиқот рӯзи 1-уми сентябр дар маҷаллаи тиббии Lancet нашр шуд. Дар он гуфта мешавад, ки нафарони эмшуда дар ҳолатҳои хеле кам бо коронавирус дар беморхона бистарӣ шуда ваё ба ҳолати сангини беморӣ гирифтор мешаванд. Муҳаққиқони Коллеҷи шоҳигарии Лондон мегӯянд, омӯзиши онҳо нишон дод, ки баъди гирифтани ду дафъа воксина мӯҳлати бемории афроди эмнашуда, ки 28 рӯз ваё бештар аз он давом мекунад, ду баробар кам мешавад. Ин таҳқиқот мегӯяд, ки ду дафъа эм шудан бар зидди COVID агар пеши роҳи сироятшавии навро нагирифт, мӯҳлати беморӣ дер давом намекунад. Бархе беморон ба фарқ аз аксари онҳое, ки баъди чанд ҳафта сиҳҳат мешаванд, давоми ҳафтаҳои дароз ва ҳатто моҳҳо бемор мемонанд. Нишонаҳои маъмулии COVID хастагӣ, нафастангӣ, мушкили фикрронӣ, сулфа, дарди қафаси синаву тахтапушт, аз даст додани бӯй ва мазза ва дарди сари шадид мебошанд.

XS
SM
MD
LG