Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден бори дигар берун шудани нерӯҳои Амрикоро аз Афғонистон дуруст шуморид


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико, бори дигар аз тасмими берун шудани нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон пуштибонӣ кард.

Вай рӯзи 31-уми август дар суханронии телевизионӣ гуфт, онҳо аз миёни "берун рафтан" ё "шиддати вазъ дар Афғонистон" аввалиро интихоб карданд ва ӯ "масъулияти комил"-и онро ба уҳда мегирад.

Байден онро "беҳтарин тасмим барои Амрико" хонд, аммо дар айни замон гуфт, "мо ҳанӯз ба поёни кор нарасидаем".

Дар мавриди гузоришҳое, ки гуфта мешавад ҳанӯз ҳам шуморе аз амрикоиҳо дар Афғонистон мондаанд, Байден гуфт: "Барои амрикоиҳои боқимонда ҳеч муҳлат вуҷуд надорад. Мо ҳамчунон ба ваъдаи берун бурдани онҳо пойбанд ҳастем, агар бихоҳанд, ки берун шаванд."

Раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон паёме барои ҷангҷуёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дошт, ки масъулияти ҳамлаи интиҳории 26-уми августро ба уҳда гирифтаанд.

Дар таркишҳои маргталабона дар канори фурудгоҳи Кобул ба камияш 180 кас, аз ҷумла 13 амрикоӣ кушта шуданд. Дар ҷавоб дронҳои Амрико маҳалли ҷангҷӯёнро нишон гирифтанд.

Ҷо Байден хитоб ба шохаи "Хуросон"-и ДОИШ дар Афғонистон гуфт, "мо кори Шуморо тамом накардаем."

XS
SM
MD
LG