Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

500 низомии пойгоҳи Русия дар машқҳои низомии Тоҷикистон ширкат мекунанд


Машқҳои низомӣ дар Ҳарбмайдон. 10 август
Машқҳои низомӣ дар Ҳарбмайдон. 10 август

Дар машқҳои низомӣ дар Тоҷикистон, ки дар пасманзари нигарониҳо аз бесуботӣ дар Осиёи Марказӣ бо сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон барпо шудааст, 500 низомии пойгоҳи 201-уми Русия иштирок намуданд. Дафтари матбуоти ҳавзаи марказии низомӣ рӯзи 30-юми август хабар дод, ки машқҳои низомии тактикӣ дар майдони Сумбула баргузор мегардад. Хабари машқҳои нав дар ҳолест, ки се рӯз пеш аз ин сухангӯи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ гуфт, ки ин гурӯҳ ният дорад дар Қирғизистон ва Тоҷикистон машқҳои муштараки низомии нирӯҳои ин ташкилотро барпо кунад. Далели аслии ташкили ин машқҳо тағйирёбии вазъ дар Афғонистон мебошад. Ба узвияти ин созмон Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил мешавад.

Тағйирёбии вазъ дар Афғонистон ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нигарониҳои ҷиддиро аз бесубот шудани вазъ дар минтақа ва ҳам эҳтимоли ба ин қаламрав омадани даҳҳо ҳазор паноҳҷӯи афғон ба вуҷуд овардааст. СПАД гуфт, ки дар машқҳои низомии 7-9-уми сентябр дар Қирғизистон чанд ҳазор низомӣ иштирок мекунад. Моҳи октябр ҳам дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон қарор аст се даври нави машқҳои низомӣ баргузор шавад ва моҳи ноябр даври чоруми машқҳо дар назар аст.

Рӯзи 10-уми август дар Ҳарбмайдони воқеъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон машқҳои муштараки низомии нирӯҳои Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд, ки ҳарду бо Афғонистон марзи муштарак доранд. Баъди ин машқҳо Узбекистону Русия ҳам дар қитъаи марз бо Афғонистон размоиши начандон калоне барпо карданд.

“Толибон”, ки дар кишварҳои узви СПАД мамнӯъ ва ифротӣ эълон шудаанд, гуфтаанд, ки барои кишварҳои ҳамсоя хатар надоранд. Русия, ки дар Тоҷикистон ва Қирғизистон пойгоҳҳои низомӣ дорад, гуфтааст, ки барои муқобила бо ҳама гуна таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистон омода мебошад.

XS
SM
MD
LG