Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон фурсатро аз даст доданд". Интизориҳо ва ноумедиҳо аз ояндаи Афғонистон


Шаҳри Кобул

Русия эълон кардааст, ки дар сохтани ҳукумати нав дар Афғонистон кӯмак хоҳад кард.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар як суҳбат гуфтааст, ки барои пешгирӣ аз авҷ гирифтани ноамниҳо бидуни таъхир бояд як ҳукумати фарогир ташкил шавад. Толибон гуфтаанд, давлате ташкил хоҳанд, ки онро “Шӯрои раҳбарӣ” идора хоҳад кард. Аксари ақвоми Афғонистон, ба хусус тоҷикони Афғонистон нигаронанд, ки ҳукумати нав бархилофи хостаҳои онҳо таъсис хоҳад ёфт.

Ҳарчанд тасмимгириҳо дар бобати ташкили ҳукумати нав дар Афғонистон ниҳоӣ нашудаанд, сокинони ин кишвар аз ояндаи норӯшан нигаронанд ва аксаран бар инанд, ки Толибон фурсати сохтани давлатро аз даст додаанд.

Ду ҳафта пеш Толибон дар ҳоле назорати Кобулро ба даст гирифтанд, ки идораҳои давлатӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳо кор мекарданд. Аммо аз 15-уми август дигар дар Афғонистон ҳеҷ ниҳоди давлатӣ кор намекунад. Мунтақидон мегӯянд, фурсати ташкили низоми сиёсӣ аз дасти Толибон рафтааст.

Акмал Зоҳир, корманди яке аз идораҳои давлатӣ мегӯяд, мардум ба хадамоти аввалия ҳам дастрасӣ надоранд. “Замоне, ки Толибон назорати Кобулро ба даст гирифтанд, тамоми сохтори давлатӣ кор мекард, аммо бадбахтона ҳоло чизе нест.”,--гуфт ӯ.

Сафиаллоҳ, як сокини дигари Кобул мегӯяд, ин гуруҳ дар андешаи тақсими вазифаҳо ҳаст, вале ҳеҷ мутахассиси соҳа аз ҷониби онҳо то кунун пешниҳод нашудааст. “Агар Толибон ҳамчунин идома диҳанд, давлатдорӣ бисёр мушкил хоҳад шуд. Мардум норозӣ хоҳанд шуд ва имкони ин вуҷуд дорад, ки мардум ба муқобилашон бархезанд.”,--гуфт ӯ.

Толибон мегӯянд, ташкили ҳукумат вақт мехоҳад ва барои он машваратҳо идома доранд. Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ташкили ҳукумат ба машвартҳои зиёде ниёз аст. “Машварат кардан ба ин маъно нест, ки мо ҳукумат карда наметавонем. Мо барои ташкили ҳукумат бо эҳтиёт қадам мезанем.”,--гуфт ӯ.

Аз ҳоло Толибон афродеро ба мансабҳо пешбарӣ кардаанд, ки саводи кофӣ надоранд. Аз аксари онҳое, ки дар вазорати маориф, об ва фурудгоҳ ба мансабҳо таъин шудаанд, “Мавлавӣ” ёд мешавад, вале маълум нест, ки онҳо донишгоҳеро хатм кардаанд ё на.

Толибон ба ҷуз вилояти Панҷшер, тамоми Афғонистонро дар ихтиёр доранд. Аҳмад Масъуд, писари Қаҳрамони миллии Афғонистон дар ин вилоят Ҷабҳаи муқовимат барпо кардааст. Толибон бо раҳбарони ин Ҷабҳа гуфтушунид доранд, вале ду ҷониб ҳанӯз ба натиҷае нарасидаанд. Ҷабҳаи муқовимат хостори бунёди як ҳукумати фарогир ва ҳамашумул дар Афғонистон аст.

Кишварҳои минтақа зоҳиран дар масъалаи Афғонистон ва бархурд бо ҳукумати ояндаи он аз эҳтиёт кор мегиранд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфт, агар дар Афғонистон бо дар назар гирифтани ҳуқуқи аққалиятҳо, ба хусус тоҷикон ҳукумат ташкил нашавад, онро эътироф нахоҳад кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин нукотро рӯзи 25-уми август дар дидор бо вазири корҳои хориҷии Покистон баён дошта, гуфт, "Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард”.

Гулбиддин Ҳикматёр, ҷангсолори ҷиҳодӣ ва сарвазири пешини Афғонистон ба ин гуфтаҳо вокуниш кард ва аз раҳбарияти Тоҷикистон хост, “ғами тоҷикони худро, тоҷикистониёнро бихӯред”.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG