Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари эҳтимолии Путин посух надод, ки президентро дидааст ё на


Луиза Розова, духтари эҳтимолии Путин
Луиза Розова, духтари эҳтимолии Путин

Луиза Розова (Елизавета Кривоногих), ки бар асоси таҳқиқотҳои журналистӣ ҳамчун духтари беникоҳи президенти Русия шинохта шудааст, ба саволи рӯзноманигор дар бораи онки Владимир Путинро аз наздик дидааст ё на, посух надод.

Мусоҳиба бо ӯро пойгоҳи хабарии “SRSLY” нашр кард.

Ӯ ба саволе, ки агар Путинро бубинад, чӣ савол хоҳад дод, ҷавоби нофаҳмо дод.

Дар соли 2020 нашрияи “Проект”, ки ҳоло дар Русия баста шудааст, дар таҳқиқе гуфта буд, ки модари Луиза Светлане Кривоногих, тоҷире аз Санкт-Петербург аст. Журналистон тахмин заданд, ки эҳтимол Луиза духтари сеюми Путин аст. Журналистонро қиёфаи духтар ва насаби ӯ, ки Владимировна аст, ба худ ҷалб кард. Ӯ ба Путин монандӣ дорад. Дар мусоҳибааш Розова гуфт, ки пас аз нашри таҳқиқоти “Проект” дар ӯ эҳсоси нохуб пайдо шуд, вале дар ниҳоят ӯ аз оне, ки бохт кунад, бештар бурд кардааст. Ӯ гуфт, ки овозаҳо дар матбуотро ӯ ҳамчун василаи пайдо кардани дӯстони нав ва пайдо кардани роҳҳои нави даромад истифода кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин овозаҳо дар атрофаш имкон дод, ки ӯ бренди хоси либоси худро ташкил кунад.

Нашрияи “SRSLY” ягон акси Луизаро нашр накардааст. Нашрия навиштааст, ки ҳангоми суҳбат Луиза ниқоб дошт ва гуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз сироят ба КОВИД-19 ҳамеша худро эҳтиёт мекунад. Ӯ иқрор шудааст, ки ниқоб як роҳи аз ҷашми ҷомеа пинҳон шудан низ ҳаст. Чун ӯро ҳоло дар ҳама ҷо мешиносанд.

Дар чанд ҳолат Розова ҳамзамон ба шаҳрҳое сафар кардааст, ки он ҷо Путин сафари корӣ доштааст.

Дар матлаби “Проект” гуфта мешавад, ки модари Луиза Светлана Кривоногих, шиноси қадимии Путин аст ва ин имкон додаасст, ки ӯ миллиардер шавад. Ба навиштаи муаллифони таҳқиқот. Кривоногих соли 2003 духтаре таваллуд кард, ки ба Путин монанд аст.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл ин мақоларо иғвогарона ва дур аз ҳақиқат донист.

Расман Владимир Путин аз ҳамсараш ҷудо шудааст ва то ҳол дар бораи издивоҷи расмиаш хабаре нашр нашудааст.

Аз никоҳ бо Людмила Путин ӯ ду духтар бо номи Мария ва Катерина дорад. Путин ҳеҷ гоҳ тасдиқ ва рад накардааст, ки онҳо фарзандонаш ҳастанд. Духтарҳои ӯ мақомҳои баланд доранд.

XS
SM
MD
LG