Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари духтаре, ки "фавқулода шабеҳи Путин" аст, миллионер шудааст


Соли 2011. Президенти Русия Владимир Путин аз як зоишгоҳи шаҳри Калининград дидан мекунад
Соли 2011. Президенти Русия Владимир Путин аз як зоишгоҳи шаҳри Калининград дидан мекунад

Як шиноси деринаи президенти Русия Владимир Путин – Светлана Кривоногих саҳмияҳои бонки “Россия”-ро дар ихтиёр дорад, ки моликаш яке аз дӯстони Путин мебошад. Ба ҷуз ин, Кривоногих соҳиби як осоишгоҳи лижаронӣ аст, ки дар он соли 2013 тӯи арӯсии Катерина Тихонова баргузор шудааст. Ин зан ҳамчунин соҳиби як маркази фарҳангӣ дар маркази шаҳри Санкт-Петербург мебошад. Соли 2003 Кривоногих соҳиби духтарчае шуд, ки ба навиштаи тарҳи таҳқиқотии “Проект”, “фавқулода ба Путин монанд аст”. Дар ин бора Радио Свобода хабар медиҳад.

“Проект” менависад, ки Кривоногих бо Путин дар охири солҳои 1990-ум шинос шуда, ҳамон давра аз як хонаи коммуналӣ ба ҷои дигар кӯчид ва ба бонки “Россия” ба кор даромад. Ин бонк ба Юрий Ковалчук, дӯсти деринаи Путин марбут аст. Соли 2007 Криновогих 3,6 дарсади саҳмияҳои бонкро ба даст оварда, яке аз соҳибони он шуд. Оғози соли 2019 моликияти ӯро дар бонк дар ҳаҷми 800 миллион рубл ҳисоб кардаанд.

Осоишгоҳи лижаронии “Игора”, ки дар 40-километрии гузари бӯстонсароҳои “Озера” ҷойгир аст, ҳамчунин моли Кривоногих мебошад. Ин маҳалларо Путин ва дӯстонаш дар миёнаҳои солҳои 1990-ум ташкил кардаанд. Путин дар ин осоишгоҳ истироҳат карда дар маросими ифтитоҳи он ҳам иштирок карда буд. Ҳамон ҷо соли 2013 духтари Путин – Катерина Тихонова ҳам базми арӯсии худро барпо кардааст. “Проект” менависад, 25 дарсади осоишгоҳ ба Ковалчук ва ҳамсараш марбут аст, ҳарчанд бонки ӯ сармоягузори аслии ин осоишгоҳ буд.

Тамоми моликияти оилаи Кривоногихро журналистон дар ҳаҷми 7,7 миллиард рубл (муодили 100 миллион доллар) ҳисоб кардаанд. Моликияти Кривоногих, бино ба таҳқиқи журналистон, ба дӯсти дигари Путин – Сергей Ролдугин, ректори донишгоҳи кӯҳӣ Владимир Литвиненко (президент он ҷо рисолаи илмӣ ҳимоя кардааст) ва ҳам дӯсти дигари қадимаи Путин – Олег Руднев рабт мегирад.

Дӯстони Путин аз солҳои 1990 нахостанд ба саволҳои “Проект” дар бораи Кривоногих посух диҳанд. Сабаби пинҳонкории онҳо метавонад духтари ӯ Елизавета бошад, менависанд журналистон. Ӯ соли 2003, замоне таваллуд шудааст, ки Путин барои ширкат дар интихоботи президентӣ омодагӣ мегирифт. Дар нусхаҳои санадҳои марбут ба Елизавета фамилия ё исми падар зикр нашудааст, вале номи падар Владимир зикр шудааст.

“Проект” мегӯяд, дар аксҳое, ки ба дасти онҳо расид, шабоҳати “фавқулодаи Елизавета ба Путин” дида мешавад. Таҳлили компютерии акс шабоҳати Елизавета ва Путинро аз 70 дарсад боло нишон медиҳад. Акси духтари ноболиғро журналистон нашр намекунанд.

Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков ба “Проект” посух дод, ки исми Кривоногихро бори аввал мешунавад. Худи зан нахост бо журналистон сӯҳбат кунад. Дар бонки “Россия” ба номаи журналистон посух надоданд.

XS
SM
MD
LG