Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарони пинҳонии Путин дар ҳамоише пайдо шуданд


Катерина Тихонова (аз чап) ва Мариа Воротсова (аз рост), ки онҳоро духтарони Путин меноманд
Катерина Тихонова (аз чап) ва Мариа Воротсова (аз рост), ки онҳоро духтарони Путин меноманд

Дар ибтидои моҳи июн дар як ҳамоиши бузурги иқтисодӣ дар Санкт-Петербург Катерина Тихонова, роҳбари Маркази захираҳои зеҳнии Донишгоҳи давлатии Маскав дар бораи истифодаи "технологияҳои пешрафта" ва афзоиши сармоягузорӣ барои он маърӯза кард, ки навори видеоаш низ нашр шуд.

Ба касе пӯшида нест, ки Русияро зодагони Петербург идора мекунанд

Дар долонҳои ин ҳамоиш генетик Мария Воронтсова дар бораи бемориҳои нодир суҳбати 13 дақиқаӣ кард, ки он аз тариқи телевизиони миллӣ пахш шуд.

Ин чорабинӣ бар сари худ ҷолиб набуд, вале суҳбати ин ду зане, ки аз онҳо духтарони Владимир Путин, президенти худкомаи Русия ном мебаранд, таваҷҷӯҳро ба ин ҳамоиш бештар кард.

“Катерина Владимировна” кист?

Путин ва мақомоти Кремл бо далели хусусӣ будани маълумот борҳо ин хабарро, ки ин ду зан воқеан духтарони Путин ҳастанд, рад ва ё тасдиқ накардаанд.

Аксаран ба ин боваранд, ки онҳо духтарони Путин ҳастанд, вале маълум нест, ки чаро инро ошкор намекунанд ва чун асрор нигаҳ медоранд.

Катерина Тихонова, духтари эҳтимолии Путин
Катерина Тихонова, духтари эҳтимолии Путин

Дар ҳамоиши Санкт-Петербург касе ин саволро матраҳ накард, ҳарчанд гардонандаи ҳамоиш ба ин зан “Катерина Владимировна” муроҷиат кард.

Ба навиштаи нашрияи Вашингтон Пост, дар вақти суҳбати Тихонова дар Санкт-Петербург гардонанда як шухӣ кард, ки ширкатдори дигари нишаст Константин Чуйченко, вазири адлияи Русия ба ӯ ҳушдор дод, ки халал нарасонад.​

“Русияро зодагони Петербург идора мекунанд”

Сергей Марков, таҳлилгари рус мегӯяд, духтарони Путин ба “балоғат” расидаанд ва мансабҳои калон дошта, ҳадафҳои худро доранд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо низ мехоҳанд, ки ҳамчун шахсияти мустақил “худро нишон диҳанд.”

Мария Воронтсова, духтари дигари эҳтимолии Путин
Мария Воронтсова, духтари дигари эҳтимолии Путин

Ҳамоиш дар Петербург, ба гуфтаи коршинос, имкони хубе буд, ки онҳо худро муаррифӣ кунанд, чун дар он аксаран зодагон ва наздикони Путин ширкат доштанд, ки амалан ҳамоиш ба як “чорабинии хонаводагӣ” табдил шуда буд.

“Ба касе пӯшида нест, ки Русияро зодагони Петербург идора мекунанд ва ин ҳамоиши бузург дар Русия низ дар ин шаҳр баргузор шуд. Ба ҳамин хотир, ин ҳамоиши элитаи ҳукмрони зодагони Санкт-Петербург буд. Маъмулан дар ҳамоиши хонаводагӣ аъзоёни оила суҳбат мекунанд.”,--гуфт ӯ.

Дар чанд соли ахир Тихонова ва Воронтсова мақоми ҷамъиятии худро то андозае боло бардоштанд, аммо суханрониҳои онҳо дар ин ҳамоиш гумонҳоеро ба вуҷуд овард, ки акунун шояд онҳо бештар дар мазҳари ом муаррифӣ шаванд.

Андрей Колесников, таҳлилгари “Маркази Карнеги” мегӯяд, ё гуруҳе аз суҳбати онҳо дар ин ҳамоиш манфиат бардоштанӣ буд ва ё ҳадафмандона онҳоро аз тариқи ин ҳамоиш муаррифӣ карданд.

Ҳузури духтарони эҳтимолии Путин дар пеши мардумро коршиносон як роҳи боло бурдани обрӯи раҳбари худкомаи Русия низ медонанд. Бисёриҳо дар Русия мансабдоронро танқид мекунанд, ки фарзандонашон дар хориҷа кору зиндагӣ мекунанд, аз ин рӯ, ба гуфтаи коршиносон, бо ин роҳ, нишон додан мехоҳанд, ки духтарони Путин дар дохили кишвар кору зиндагӣ доранд.​

Путин аз Алина Кабаева низ фарзанд дорад?

Расман Путин ду духтар дорад, ки онҳо аз ҳамсараш Людмила Путин ҳастанд. Аз яке Мария Путин (эҳтимол Мария Воронтсова) ном мебаранд, ки соли 1985 дар Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) таваллуд шудааст. Духтари дигарашро расман Екатерина Путин (эҳтимол Катерина Тихонова) ном мебаранд, ки соли 1986 дар Дрезден, шарқи Олмон таваллуд шудааст.

Путин бо ҳамсари собиқаш Людмила. Акс аз соли 2012
Путин бо ҳамсари собиқаш Людмила. Акс аз соли 2012

Путин дар мавриди фарзандонаш суҳбат намекунад ва танҳо гуфтааст, ки онҳо дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

“Ман ҳеҷ вақт суолҳои марбут ба оилаамро баҳс намекунам. Ҳар кас соҳиби сарнавишти худаш аст. Онҳо зиндагии худро доранд ва корҳои арзишманд мекунанд.”,--гуфта буд Путин дар як нишасти хабарӣ дар соли 2015.

Путин аз ҳамсараш Людмила соли 2014 ҷудо шуд.

Дар як нишасти дигар дар соли 2017 Путин гуфт, ки ду набера дорад, ки яке нав таваллуд шудааст ва дигаре ба боғчаи кӯдакона меравад.

Дар соли 2020 дар сомонаи “Проект” хабаре нашр шуд, ки Путин аз зане бо номи Светлана Кривоногих духтаре дорад, ки соли 2003 таваллуд шудааст ва ӯро Елизавета номидаанд.

Ба навиштаи расонаҳо, Путин дар соли 2015 соҳиби духтар ва соли 2019 соҳиби писарони дугоник аз Алина Кабаева, собиқ варзишгар ва вакили “Госдума”-и Русия шудааст. Худи Путин ин иттилоро ҳеҷ гоҳ тасдиқ накардааст.

XS
SM
MD
LG