Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари эҳтимолии Путин узви Шӯрои нави варзиш шуд


Катерина Тихонова
Катерина Тихонова

Катерина Тихонова, зане, ки бовар меравад духтари президенти Русия Владимир Путин аст, ба як шӯрои навтаъсиси ҳукуматӣ оид ба рушди варзиш интихоб шуд. Ин шӯро 28 узв дорад ва раҳбараш муовини нахуствазир Олга Голодетс аст.

Чандин расона дар солҳои гузашта иддао кардаанд, ки Тихонова дар асл духтари президенти Русия мебошад. Худи Путин ҳам дар нишасти хабарии рӯзи 19-уми декабр ин хабарро тасдиқ ё рад накард.

“Ведомости” хабар дод, ки шӯрои нав роҳҳои пешбурди машқи бадан ва варзишро аз роҳи ташкили барномаву маъракаҳои варзишӣ ба роҳ мемонад.

Ба узвияти ин шӯро ҳамчунин вазири варзиш Павел Колобков, раҳбари кулли ширкати Роҳи оҳани Русия Олег Белозеров ва духтари вазири дифоъ Ксения Шойгу шомил ҳастанд.

XS
SM
MD
LG