Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА эълон кард, ки берун кардани шаҳрвандонро аз Кобул анҷом медиҳад


Кишварҳои ғарбӣ гуфтанд, дар ду ҳафта 114 ҳазор нафарро аз Кобул ба берун бурданд
Кишварҳои ғарбӣ гуфтанд, дар ду ҳафта 114 ҳазор нафарро аз Кобул ба берун бурданд

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кард, ки аз рӯзи 29-уми август амалиёти ба берун бурдани шаҳрвандон аз Афғонистонро қатъ мекунад.

ИМА аз қабл эълон карда буд, ки ба ҳузури 20-солааш дар Афғонистон рӯзи 31-уми август поён медиҳад, вале шаҳрвандоне, ки бо онҳо ҳамкорӣ кардаанд ва ҳоло бо сари қудрат омадани Толибон дар хатаранд, аз ин кишвар берун мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷо Байден, президенти Амрико гуфт, ки эҳтимоли зиёде вуҷуд дорад, ки дар фурудгоҳи Кобул ҳамлаи дигари террористӣ сурат бигирад.

Барои фирор аз Афғонистон дар фурудгоҳи Кобул ҳазорон нафар ҷамъ омадаанд, то аз кишвар хориҷ шаванд. Дар ҳамлаи террористии рӯзи 26-уми август дар фурудгоҳи Кобул беш аз ду сад нафар, аз ҷумла 13 сарбози амрикоӣ, кушта шуд.

Мақомоти кишварҳои ғарбӣ гуфтанд, ки дар ду ҳафтаи охир беш аз 114 ҳазор нафарро аз Афғонистон берун кардаанд.

Рӯзи 15-уми август Толибон вориди Кобул шуданд. Аз ин пеш, Ашраф Ғанӣ, президенти ин кишвар фирор карда буд. Афғонистон ҳоло дар як вазъияти номаълуме қарор дорад.

XS
SM
MD
LG