Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои низомии СПАД дар Қирғизистон барпо мешаванд


Низомиёни тоҷик дар машқҳои низомии СПАД. Акс аз соли 2015
Низомиёни тоҷик дар машқҳои низомии СПАД. Акс аз соли 2015

Дар Қирғизистон рӯзҳои 7 то 9-уми сентябр машқҳои низомии нирӯҳои минтақаи ҳавзаҳои Марказиву Осиёии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ таҳти номи рамзии “Сарҳад-2021” баргузор мешавад. Дафтари матбуоти СПАД гуфт, ки ҳадафи асосии ин тамринҳо, ки дар шароити бӯҳронӣ шудани вазъи сиёсии Афғонистон ташкил мешавад, машқи роҳҳои муқовимат дар сурати ба қаламрави кишварҳои узв ворид шудани гурӯҳҳои мусаллаҳ мебошад. Интерфакс, ки дар ин бора хабар медиҳад, мегӯяд, дар машқи низомӣ инчунин ҳамоҳангсозии кори фармондеҳон ва мақомдорони нирӯҳои СПАД санҷида мешавад.

Тамринҳои нирӯҳои СПАД дар майдони “Эделвейс”-и Қирғизистон баргузор мешавад. Дар маҷмӯъ дар машқҳо ширкати панҷ ҳазор низомиён аз кишварҳои узви созмон – Русия, Қазоқистон, Қирғизстон ва Тоҷикистон дар назар аст.

Ин машқҳо дар ҳолест, ки чанд ҳафта пеш Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон дар Ҳарбмайдони воқеъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон машқҳои низомӣ барпо шуд.

XS
SM
MD
LG