Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари занозании навбатии гурӯҳии муҳоҷирон дар Русия


Фурудгоҳи Душанбе, муҳоҷирон интизори парвоз ба Русия. Солҳои истиқлолият Русия макони аслии кору даромади садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шудааст
Фурудгоҳи Душанбе, муҳоҷирон интизори парвоз ба Русия. Солҳои истиқлолият Русия макони аслии кору даромади садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шудааст

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боз миёни муҳоҷирони кории тоҷик ва узбек занозании оммавӣ ба амал омадааст. Расонаҳои русӣ навиштанд, ки ҳодиса шаби 22-уми август дар шоҳроҳи Красноселское рух додааст. Гуфта мешавад дар занозанӣ 25 нафар ширкат доштанд. Пас аз ин занозанӣ як шаҳрванди 22-солаи Узбекистон бо захми корд дар қафаси сина дар беморхона бистарӣ шудааст. Вазъи саломатии ӯ сангин гуфта мешавад.
Пулис аз ҷойи ҳодиса 14 муҳоҷир, аз ҷумла 9 шаҳрванди Узбекистон, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ва як зодаи Қирғизистонро дастгир кардааст. Бар зидди онҳо бо ҷурми расонидани осеби вазнин ба саломатӣ ва авбошӣ парванда боз шудааст.
Дар чанд моҳи охир дар Русия чандин ҳодисаи занозании оммавӣ бо ширкати муҳоҷирон рух дод. Аз ҷумла рӯзи 12-уми июли имсол як гуруҳ аз зодагони Осиёи Марказӣ дар назди метрои Кузминки ҷанҷол карданд. Чунин ҳолатҳо инчунин дар Маскаву Санкт-Петербург, Амур, Свердловск ва Ҷумҳурии Доғистон сабт шуданд. Баъзе ин ҷанҷолҳо хушунат ва ҳамла ба намояндагони мақомотро низ дар пай доштааст. Ҳамчунин иштирокдорони занозаниҳо роҳҳоро баста, ба иншооти шаҳрӣ зарар расондаанд. Дар Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтанд, аксар муҳоҷирон ҷазо гирифтанд. Онҳо 15 рӯз дар ҳабси маъмурӣ буда, сипас аз Русия депортатсия ё ихроҷ шуданд.

XS
SM
MD
LG