Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Покистон вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд


Сироҷиддин Муҳриддин ва Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ
Сироҷиддин Муҳриддин ва Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Покистон рӯзи 25-уми август дар робита ба вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва таъмини амният дар минтақа гуфтугӯ кардаанд. Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ шоми гузашта бо сафари кории дурӯза вориди Душанбе шуд. Қарор аст, ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ мулоқот кунад.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин ва Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ ҷонибҳо дар бораи рушди ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва амниятӣ низ суҳбат карданд.

Расонаҳои давлатии Покистон навиштанд, ки Қурайшӣ бо дастури нахуствазири он кишвар Имрон Хон ба Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Эрон сафар мекунад, то бо мақомоти ин кишварҳо дар бораи таҳаввулоти ахир дар Афғонистон гуфтугӯ намояд.

Сафари ин мақоми баландпояи Покистон ба кишварҳои минтақа дар ҳоле сурат мегирад, ки гуруҳи "Толибон" 10 рӯз пеш шаҳри Кобулро ишғол карданд. Покистон ба пуштибонӣ ва сармоягузории гурӯҳи "Толибон" муттаҳам мешавад, аммо Исломобод ҳамвора ин иттиҳомҳоро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG