Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукӯби блогери узбекистонӣ дар сафорати ин кишвар дар Русия


Ҷӯрабек Омонов мегӯяд, ӯро дар сафорати Узбекистон дар Русия заданд
Ҷӯрабек Омонов мегӯяд, ӯро дар сафорати Узбекистон дар Русия заданд

Сафорати Узбекистон дар Русия аз кормандони худ ҳимоят кард, ки рӯзи 19-уми август блогнависи бухороӣ Ҷӯрабек Омоновро дар бинои консулгарӣ задаанд. Омонов дар наворе сару рӯйи хуншорашро нишон дод.

Вай мегӯяд, ба сафорат барои баррасии тақдири минбаъдаи духтари дусолаи узбекистонӣ даъват шуд, ки модараш дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Омонов гуфт, муҳофизони консулгарӣ ӯро баъд аз эродаш дар мавриди муносибати дағалонаи онҳо латукӯб карданд.

Ин ҳодиса 19-уми август дар бахши консулгарии сафорати Узбекистон дар шаҳри Маскав рух додааст.

Омонов мегӯяд, баъд аз ин ҳодиса як намояндаи сафорат ба вай тамос гирифта, ваъда кардааст, ки омилони латукӯби блогер ҷазо хоҳанд гирифт. Аммо дар изҳороти сафорати Узбекистон, ки рӯзи 20-уми август нашр шуд, Омонов гунаҳкори асосии қазия унвон шудааст.

Дар изҳорот гуфта шудааст, блогер мехост, ғайриқонунӣ вориди бинои консулгарӣ шавад: "Дар натиҷа, муҳофизони сафорат маҷбур шуданд, ӯро аз даромадан ба бино манъ кунанд."

Ҷӯрабек Омонов чанд сол аст, ки дар Русия истиқомат мекунад ва ба кумаки ҳамватанони муҳоҷираш машғул аст.

XS
SM
MD
LG