Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди марз санади нав имзо кардаанд


Осори задухӯрди моҳи апрели имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Осори задухӯрди моҳи апрели имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар вилояти Бодканди Қирғизистон мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории таъйин ва нишонагузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расид. Ин мулоқот аз 16 то 22-юми август дар шаҳри Исфана баргузор гардид.

Девони вазирони Қирғизистон хабар дод, ки дар поёни мулоқот санаде имзо шудааст. Муҳтавои санад ошкор карда нашудааст. Ҷонибҳо ба созиш расидаанд, ки мулоқоти навбатиро дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор кунанд.

Баъд аз низои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ гуруҳҳои корӣ барои муайян ва аломатгузории марз чанд мулоқот баргузор карданд.

Тӯли марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километрро ташкил медиҳад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Дар марзи ду кишвар ҳамасола барои замин, барои обу роҳ ва чарогоҳ байни сокинони наздимарзӣ ҷанҷол сар мезанад.

XS
SM
MD
LG