Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон барои идораи Афғонистон як шӯро ташкил медиҳанд


Раҳбари бахши сиёсии "Толибон" Абдулғанӣ Бародар
Раҳбари бахши сиёсии "Толибон" Абдулғанӣ Бародар

Ҳаракати "Толибон", ки дар бисёр кишварҳо ҳамчун як ниҳоди тундрав ва террористӣ манъ шудааст, мехоҳад барои идора кардани афғонистон як шӯрои иборат ва 12 нафарро таъсис диҳад. Дар ин бора нашрияи Foreign Policy хабар додааст.

Ба қавли сарчашмаҳои ин нашрия, раҳбари бахши сиёсии "Толибон" Абдулғанӣ Бародар, раиси бахши ҳарбии ин ниҳод ва писари бунёдгузори ҳаракат Мулло Умар бо номи Муҳаммад Яъқуб ва ҳамчунин узви гуруҳи террористии "Шаабкаи ҳаққонӣ" Халилураҳмон Ҳаққонӣ узви шӯро хоҳанд шуд. Нашрия инчунин хабар додааст, ки толибҳо мехоҳанд, писари фармондеҳи машҳури Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд -- Аҳмад Масъудро, ки раҳбарии як ҷунбиши зидди толибонро дар вилояти Панҷшер бар душ гирифтааст, низ ба ин шӯро даъват кунанд.

Нашрия ба нақл аз маноеби худ мегӯяд, "Толибон" нақша надоранд, мансаби президентӣ ё мансаби дигареро бароим якксардорӣ эҳё кунанд. Онҳо ҳамчунин омода шудаанд, ки ба баъзе аз аъзои ҳукумати пешинаи Афғонистон мансабҳои давлатӣ пешниҳод кунанд. Бо ин роҳ "Толибон" мехоҳанд, нишон диҳанд, ки дар андешаи сохтани як давлати фарогир ва васеъбунёд ҳастанд.

Ҳаракати тундрави "Толибон" 15 август бе ҷанг Кобулро гирифт ва аз ҷорӣ кардани назорати худ ба сартосари афғонистон хабар дод. Президент Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор кард.

Аҳмад Саъуд ва ноиб-президенти пешини мамлакат Амруллоҳ Солеҳ ба Панҷшер рафтанд ва аз бунёди як ҳаракати зиддитолиб хабар доданд. Панҷшер яке аз охириин истеҳкомҳост, ки зери назорати "Толибон" нест. "Толибон" гуфт, ки нерӯҳои зиёдро барои ҳамла ба Панҷшер фиристодааст. Аҳмад Масъуд талаби таслим шудано рад кард, вале гуфт, тарафдори гуфтушунид ва сулҳ аст, то аз ҷанг пешгирӣ ба амал ояд. Вай ба бунёди ҳукумати ваҳдати миллӣ бо ширкати "Толибон" даъват намуд.

XS
SM
MD
LG