Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи "Толибон" гуфтугӯҳоро барои ташкили ҳукумат оғоз кардааст


Раҳбарони "Толибон" гуфтугӯҳоро барои ташкили ҳукумат оғоз кардаанд. Бо вуҷуди тасарруфи Кобул ва талошҳо барои барқарории тартибот, ин гурӯҳ ба таҳдидҳо аз минтақаҳои шимолӣ, ки қудрати "Толибон"-ро эътироф намекунанд, рӯбарӯ аст.

Тибқи гузоришҳо, шумори қобили мулоҳизаи қувваҳои ҳукуматӣ ва неруҳои вижа дар дараи Панҷшер, воқеъ дар шимоли Кобул, ҷамъ омадаанд.

Гузоришҳо мегӯянд, Толибон садҳо тан аз ҷангҷӯёни худро ба ин минтақа фиристодаанд. "Исломгароён нерӯҳои худро ба дарвозаҳои Панҷшер фиристодаанд", -- навиштааст Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президент дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ. Солеҳ ҳоло ба дараи Панҷшер паноҳ бурдааст.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд, фармондеҳи маъруфи зидди Шӯравӣ ва муқовимат алайҳи "Толибон" мебошад. Аҳмад Масъуд рӯзи 22-юми август гуфт, умедвор аст, гуфтугӯҳо бо "Толибон" натиҷабахш бошад.

Ӯ айни замон гуфт, нерӯҳояш омодаи муқовимат мебошанд. "Мо мехоҳем Толибон дарк кунанд, ки ягона роҳи пешрафт гуфтугӯ аст. Мо ҷангро намехоҳем", -- афзуд ӯ.

"Ҳамзамон Ҷабҳаи муқовимати миллӣ омодаи даргирии дарозмуддат аст",-гуфт Алӣ Майсам Назарӣ, сухангӯи ин гурӯҳ.

XS
SM
MD
LG