Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ҳамла дар Покистонро маҳкум кард


Дар як садамае дар Покистон шаҳрванди Чин маҷрӯҳ шуд. 14 июли соли 2021
Дар як садамае дар Покистон шаҳрванди Чин маҷрӯҳ шуд. 14 июли соли 2021

Чин аз Покистон тақозо кард, ки барои таъмини амнияти шаҳрвандонаш дар ин кишвар талоши бештар ба харҷ диҳад.

Мақомоти Покистон гуфтанд, як таркиши маргталабонае, ки зидди мошини ҳомили шаҳрвандони Чин нигаронида шуда буд, ду кӯдакро кушта ва чор нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Чинро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Масъулияти таркиши 20-уми августро гурӯҳи ҷангии “Артиши озодихоҳи Балуҷ” ба дӯш гирифт.

Дар изҳороти намояндагии дипломатии Чин дар Исломобод гуфта шуд: “Сафорати Чин ин амали террористиро ба шиддат маҳкум мекунад” ва “Покистон бояд тадбирҳои амаливу муасирро барои такрор нашудани чунин ҳодисаҳо дар оянда рӯи даст бигирад”.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, вақте маргталаб бомбаро дар назди мошин ба кор андохт, чор нафар, аз ҷумла ронанда маҷрӯҳ шуданд. Шаҳрвандони Чин ҷароҳатҳои сабук бардоштанд. Лиёқувват Шаҳвонӣ, сухангӯи раиси вилояти Балуҷистон дар изҳороте дар Твиттер “ҳамла ба шаҳрвандони Чинро бо сангинтарин шева маҳкум кард”.

Чин дар тарҳи Долони иқтисодии Чину Покистон, ки буҷааш 65 миллиард доллар аст, саҳм дорад ва барои таъмини амнияти чиниҳо дар ин кишвар 15 ҳазор сарбоз мустақар ҳастанд.

Гвадар давоми солиёни зиёд чун истеҳкоми ҷангҷӯёни ҷудоиталаб хидмат мекунад. Оғози моҳи август дар як ҳамла ба автобус дар вилояти Хайбар Пахтунхва 13 нафар, аз ҷумла, нӯҳ коргари чинӣ ва ду сарбози покистонӣ кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG