Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Deutsche Welle: Толибон як хеши хабарнигори ин расонаро қатл карданд


Қароргоҳи Deutsche Welle дар Олмон
Қароргоҳи Deutsche Welle дар Олмон

Шабакаи давлатии Deutsche Welle-и Олмон гуфт, ки ҷангиёни Толибон як хеши наздики журналисти ин шабакаро дар Афғонистон бо тири туфанг ба қатл расониданд. Ин ҳодиса боиси афзоиши нигарониҳои байналмилалӣ аз амнияти кормандони матбуот ва оилаҳои онҳо дар низоми зери раҳбарии ҷангиён шуд. Deutsche Welle мегӯяд, дар паи ҷустуҷӯҳои хона ба хона ҷангиён ба хонаи журналисти ин шабака ворид шуда, як хешашро кушта дигариро сахт маҷрӯҳ карданд. Ба иттилои ин расона, хешовандони дигари журналист наҷот ёфта ҳоло дар ҳолати фирор ҳастанд. Питер Лимбург, раҳбари кулли Deutsche Welle дар муроҷиат ба ҳукумати Олмон хост, ки даст ба амал зананд ва хешовандони журналистони ин расона дар Афғонистонро мавриди ҳимоят қарор диҳад. Худи журналисте, ки хешаш кушта шудааст, дар дафтари Deutsche Welle дар Олмон кор мекунад. Созмони Гузоришгарони бидуни марз аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки ин ҳодиса “бадтарин нигарониҳои моро” тасдиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG