Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангела Меркел ба Маскав меравад


Декабри соли 2019, Париж, ҷаласаи Нормандия. Президенти Украина Владимир Зеленский, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва президенти Русия Владимир Путин
Декабри соли 2019, Париж, ҷаласаи Нормандия. Президенти Украина Владимир Зеленский, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва президенти Русия Владимир Путин

Ангела Меркел рӯзи 20-уми август охирин бор дар мақоми садри аъзами Олмон ба Маскав сафар мекунад, чун баъди интихоботи моҳи сентябр аз мақом ва сиёсат канор хоҳад рафт. Дар гуфтугӯ бо президенти Русия Владимир Путин қарор аст масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба, пандемияи коронавирус ва масоили байналмилалии мисли вазъи Афғонистон, музокироти шахшудаи сулҳ дар Украина баррасӣ хоҳанд шуд. Масъалаи тарҳи қариб анҷомшудаи «Северный поток-2», ки лӯлаи гази Русияро аз бистари баҳри Балтика бо Олмон мепайвандад, аз мавзӯи дигари гуфтугӯҳои ду раҳбар хоҳад буд. Баъди Маскав Меркел ба Киев меравад ва 22-юми август он ҷо бо президенти Украина Владимир Зеленский дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

Олмон дар канори Фаронса талош дорад дар низои миёни ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар шарқи Украина ва ҳукумати марказӣ дар Киев миёнҷигӣ кунад.

Сафари Меркел ба Маскав инчунин бо яксолагии ҳодисаи заҳролудшавии мунаққиди шадидлаҳни Кремлин Алексей Навалний рост омад, ки бо заҳри навъи низомии асаб заҳролуд шуда, ним сол дар як беморхонаи шаҳри Берлин муолиҷа гирифт. Ин муборизи зидди фасод баъди бозгашташ ба Маскав ҳабс ва ба мӯҳлати 2,5 сол зиндонӣ шуд. Меркел борҳо тақозо кардааст, ки Навалний озод шавад ва бовар меравад, ки ин мавзӯъ дар дидори Меркел бо Путин матраҳ мешавад.

XS
SM
MD
LG