Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон афзоиши истеҳсоли ураниуми ғанишударо тасдиқ кард


Коргоҳи ғанисозии ураниум дар шаҳри Натанзи Эрон. Акс аз апрели соли 2021
Коргоҳи ғанисозии ураниум дар шаҳри Натанзи Эрон. Акс аз апрели соли 2021

Ҳукумати Эрон гузориши Оҷонсии нирӯи атомии СММ-ро тасдиқ кард, ки гуфтааст, Ҷумҳурии Исломӣ истеҳсоли ураниуми поккоришударо то дараҷаи 60-дарсадии кофӣ барои истеҳсоли аслиҳа афзоиш додааст. Саид Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи 18-уми август гуфт, ки ин посухи “иҷро нашудани созиши атомӣ ва таҳримҳои ИМА” мебошад. Ӯ гуфт, ҳар вақте ки созишномаи соли 2015-и ҳастаӣ бо Эрон дар бораи адами тавсеаи силоҳи ҳастаӣ иҷро гардад ва ИМА таҳримҳоро бекор кунад, Эрон ба иҷрои ӯҳдадориҳои фаннии худ бар асоси ин созиш идома медиҳад. Дар ин бора рӯзи 18-уми август хабаргузории ISNA иттилоъ додааст.

Моҳи апрел Эрон эълон кард, ки дар вокуниш ба ҳамла ба коргоҳи ҳастаии Натанз, ки дар ин кор Исроилро гунаҳгор кардааст, ғанисозии урани поккоришударо аз дараҷаи 20-дарсадӣ ба 60-дарсадӣ боло мебарад. Ин яке аз иқдомҳои хилоф бо ӯҳдадориҳои ҳастаии Эрон аст, ки баъди аз созиши соли 2015 берун шудани президенти вақти ИМА Доналд Трамп рӯй медиҳад. Трамп соли 2018 илова ба ин таҳримҳои болои Эронро барқарор кард.

Моҳи апрели имсол бо сари кор омадани президент Ҷо Байден дар ИМА, музокираҳо барои азсаргирии гуфтугӯҳои ҳастаии қудратҳо бо Эрон аз нав шурӯъ шуд. Вале чандин даври гуфтугӯҳо дар шаҳри Вена то ҳол бенатиҷа анҷомидааст.

XS
SM
MD
LG