Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбози эронӣ аз бозии футбол дар қаламрави Тоҷикистон як умр маҳрум шуд


Амир Меъморӣ Манеш.
Амир Меъморӣ Манеш.

Кумитаи назорат ва интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ҳамлагари бошгоҳи футболи лигаи олии Тоҷикистон “Душанбе”-и шаҳри Душанбе Амир Меъморӣ Манешро аз фаъолияти футбол дар қаламрави ин кишвар як умр маҳрум кард. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, легионери 28-солаи эронӣ Амир Меъморӣ Манеш дар як бозии букмекерӣ фош шуд. Худи бозигар иқрор шуд, ки ба бозиҳои бо ширкати дастааш дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон шартгузорӣ кардааст.

Барои риоя накардани моддаи 2, банди 3 -и Кодекси интизоми ФФТ, бар асоси принсипҳои умумии қонун ва адолат, Кумитаи назорат ва интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон Амир Меъморӣ Манешро аз ҳама гуна фаъолияти футбол дар қаламрави Тоҷикистон маҳрум кард.

“Душанбе” бошгоҳи лигаи олии футболи Тоҷикистон аст, ки дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа бо 15 имтиёз аз 15 бозӣ дар байни даҳ даста дар зинаи ҳаштум қарор дорад.

XS
SM
MD
LG