Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёфт шудани ҷасади як зани тоҷик аз дарёи Маскав


Полиси Русия
Полиси Русия

Кормандони полиси пойтахти Русия ҷасади як зани тоҷикро аз дарёи Маскав ёфтанд, ки бо чаҳор зарби корд кушта шудааст.

Пайвандони Умеда Маллаеваи 35-сола рӯзи 18-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ як ҳафта пеш нопадид шуда буд. “Вақте аз ӯ дараке нашуд, ба Шуъбаи полиси Маскав муроҷиат кардем. Ду рӯз қабл ҷасадашро аз дарё ёфтанд”, -- хабар дод яке аз наздиконаш.

Умеда Маллаева омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактаби ноҳияи Данғара буда, 5 сол қабл ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтааст.

Ҳар сол дар Русия садҳо муҳоҷири тоҷик ба иллатҳои гуногун, ба мисли садамаи нақлиётӣ, фалокат дар сохтмон, маризӣ ва қисме бо марги иҷборӣ, аз ҷумла аз дасти гурӯҳҳои раҳзан ё қавмгаро вафот мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2020 тобути 300 шаҳрванди кишвар аз Русия ба ватан оварда шуд.

XS
SM
MD
LG