Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посбонии муштараки қудратиҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар деҳаҳои наздимарзӣ


Парчами Тоҷикистону Қирғизистон
Парчами Тоҷикистону Қирғизистон

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистону Тоҷикистон посбонӣ ё назорати муштаракро дар минтақаҳои наздимарзии ду кишвар оғоз карданд.

Ба огаҳии маъмурияти вилояти Бодканди Қирғизистон, 17-уми август дар ноҳияи Бодканд ва шаҳри Исфараи Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони пулиси ду кишвар бо мақсади ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз нақзи қонун ва роҳ надодан ба ҳангомаҳо гуруҳҳое ташкил шудааст.

Нахустин гуруҳҳои муштарак 17-уми август ба деҳаҳои Куктош, Тош-Тумшуқ ва Воруху Оқсой рафта, ба сокинон фаҳмондаанд, ки қонунгузории ҳар ду кишвар барои ангехтани ҳангома ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст.

Намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон 16-уми август дар марзи ду кишвар бо ҳам дидору гуфтугӯ карда буданд. Дар ин мулоқот ҳайати Қирғизистонро раиси вилояти Бодканд Абдукарим Олимбоев ва намояндагони Тоҷикистонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода раҳбарӣ мекарданд.

"Дастур дода шуд, ки ниҳодҳои қудратии ду кишвар назорати муштараки хати марзро пурзӯр карда, ба кандани дубораи хандақҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ иҷозат надиҳанд. Ҳамчунин насби ҳамагуна дурбинҳои назоратӣ ва сабткунанда дар марз бо розигии ду тараф анҷом шавад", - хабар дода буд сардори шуъбаи ҳифзи тартибот, амният ва ҳолатҳои фавқулоддаи ҳукумати вилояти Бодканд Мусурмонбек Турсуматов.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марзи муштарак дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун муноқиша сар мезанад.

Дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бо Бодканди Қирғизистон даҳҳо кас аз ду тараф кушта ва даҳҳо манзилу иншооти дигар тахриб шуд.

XS
SM
MD
LG