Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти ҷонии заминларзаи Ҳаитӣ ба 2000 расид, тӯфон ҷустуҷӯҳоро қатъ кард


Ҷустуҷӯи одамон дар зери шикастпораҳо дар Ҳаитӣ, 17 августи соли 2021
Ҷустуҷӯи одамон дар зери шикастпораҳо дар Ҳаитӣ, 17 августи соли 2021

Ҳукумати Ҳаитӣ, як кишвари ҷойгир дар Ҷазираҳои Кариб (Амрикои Марказӣ), мегӯяд, шумораи тасдиқшудаи ҷонбохтагони заминларзаи 14-уми август дар ин ҷо тақрибан ба 2000 нафар расид, зеро тӯфони тропикӣ ба наҷотдиҳандагон ва кӯшишҳои рафъи пайомадҳои зилзила халал расонд.

Бунгоҳи ҳимояи шаҳрвандии Ҳаитӣ рӯзи 17-уми август гуфт, шумораи тасдиқшудаи қурбониёни заминҷунбӣ то ба 1941 нафар афзуд, вале он ҳамаро дар бар намегирад.

Ҳамчунин наздик ба 10 ҳазор кас маҷрӯҳ шудаанд.

Обхезӣ ва борони шадид, ки тӯфони тропикии Грейс ба Ҳаитӣ овард, талошҳоро барои ҷустуҷӯи наҷотёфтагон ва кумак ба мардуми бехонумон қатъ кард.

Аз зилзилаи 7,2 дараҷаӣ беш аз 60,000 хона вайрону валангор шуда, гумон меравад, садҳо ҷасад зери шикастпораҳои биноҳо мондаанд. Ба кӯмаки ҳамсоякишвари худ Ҷумҳурии Доминикан ва Мексика шитофтанд ва ғизову маводи тиббиро интиқол доданд.

Колумбия ба Ҳаитӣ тимҳои наҷотбахшро фиристод. Як мақоми USAID гуфт, ИМА ба Ҳаитӣ ёриҳои фаврӣ ва ҳам дастаи 65-нафарии наҷотбахш фиристод, ки бо дастгоҳҳои вижа ҷустуҷӯи одамон дар зери оворҳо кӯмак мекунад.

XS
SM
MD
LG