Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурониёни зилзилаи Ҳаитӣ ба 1300 нафар расид


Тими наҷотбахшон дар назди яке аз биноҳое, ки дар зилзилаи ахир ба хок яксон шуд
Тими наҷотбахшон дар назди яке аз биноҳое, ки дар зилзилаи ахир ба хок яксон шуд

Мақомот дар Ҳаити, як кишвари ҷойгир дар минтақаи Карриб, гуфтанд, ки шумори қурбониёни зилзилае бо шиддати 7,2 дараҷаи Риҳтер то 1300 нафар афзоиш ёфт. Барои идомаи корҳои ҷустуҷӯву наҷоти одамон тимҳои ёрирасон аз кишварҳои дигар ҳам сафарбар шудаанд. Оҷонсии ҳимояти мулкӣ гуфт, ки дар зилзилаи ахир инчунин 5700 нафар маҷрӯҳ шуд ва ҳамаи онҳо беморхонаҳои маҳаллиро пур кардаанд. Рӯзи 16-уми август мақомот тимҳои калони табибонро ба минтақаҳои осебдида фиристоданд.

Дар як арзёбии муфассали Оҷонсии ҳимояти мулкӣ ҳисоб шудааст, ки дар паи зилзилаи офатбор 700 бино сарозер, 3778 иморат хароб ва роҳу иртиботот ва зербиноҳои зиёде осеб дидаанд. Ба кӯмаки ҳамсоякишвари худ Ҷумҳурии Доминикан ва Мексика шитофтанд ва ғизову маводи тиббиро интиқол доданд. Колумбиа ба Ҳаити тимҳои наҷотбахшро фиристод. Як мақоми USAID гуфт, ИМА захираву муҳимот ва ҳам тими 65-нафарии наҷотбахшонро фиристод, ки бо дастгоҳҳои вижа ҷустуҷӯи одамони дар зери овормонда кӯмак мекунанд.

XS
SM
MD
LG