Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар заминларзаи Ҳаитӣ беш аз 700 нафар ба ҳалокат расидаанд


Мардуми наҷотёфта дар назди манзилҳои фурӯрафта дар Ҳаитӣ, 15-уми августи соли 2021
Мардуми наҷотёфта дар назди манзилҳои фурӯрафта дар Ҳаитӣ, 15-уми августи соли 2021

Рӯзи 14-уми август дар Ҳаитӣ, кишваре дар минтақаи ҷазираҳои Кариб, Амрикои Марказӣ, аз заминҷунбие, ки нерӯяш 7,2 дараҷаи ҷадвали Риштер номида мешавад, 724 нафар ба ҳалокат расида, ба камияш 2800 нафар маҷрӯҳ шуданд. Бунгоҳи мудофиаи шаҳрвандии Ҳаитӣ гуфтааст, ки махсусан дар ҷануби кишвар мардуми зиёд нобуд шуд, зеро наҷотдиҳандагон натавонистанд онҳоро аз зери шикастпораҳо берун кашанд. Дар маркази шаҳри Ҷеремӣ, бо аҳолии 200 000 нафар, бо вуҷуди он ки хонаҳо асосан якошёнаанд, талафоти зиёд ба қайд гирифта шудааст. Дар шаҳри Лес Кайс як меҳмонхонаи чандқабата фурӯ рафт. Сарвазири Ҳаитӣ Ариэл Ҳенрӣ пеш аз парвоз ба Лес Кейс дар тамоми кишвар як моҳ вазъи фавқулода эълон кард. Вай гуфт, ки Салиби Сурхи Байналмилалӣ ва беморхонаҳо дар минтақаҳои зарардида ба нигоҳубини маҷрӯҳон кумак мекунанд.

XS
SM
MD
LG