Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши тарки Кобул: ҳавопаймои Туркия сари вақт парида натавонист


15-уми август. Толибон дар дохили қасри президенти Афғонистон
15-уми август. Толибон дар дохили қасри президенти Афғонистон

Субҳи 16-уми август баъди ишғоли Кобул аз тарафи Толибони афғон издиҳоми бузурге дар фурудгоҳи Кобул ҷамъ шуд. Ҷамъомадагон аксаран афғонҳое буданд, ки мехостанд Афғонистонро тарк кунанд. Дар наворе, ки корбарон ба хабаргузории Рейтерс фиристодаанд, дидан мумкин аст, ки сарфи назар садои тир издиҳом кӯшиш кард ба дохили фурудгоҳи Кобул роҳ ёбад. Ходимони фурудгоҳ мегӯянд, ҳавопаймои ширкати Kam-Air, ки мебоист аз Кобул ба Истанбул парвоз кунад, натавонист сари вақт ба ҳаво хезад, зеро хоҳишманди парвоз зиёд буд ва ҷойи нишаст ба ҳама нарасид.
16-уми август Департаменти давлатии ИМА изҳор намуд, ки тамоми кормандони сафорати Амрико ба фурудгоҳи Кобул интиқол ёфтанд ва сарбозони амрикоӣ дар ҷараёни тарки Афғонистон амнияти онҳоро таъмин мекунанд. Мансабдорони амрикоӣ мегӯянд, дипломатҳои амрикоӣ ва кормандони маҳаллии афғон, ки ба ИМА дар давраи ҷанг кумак кардаанд, ҳозир дар фурудгоҳ мебошанд. Департаменти давлатӣ ва вазорати мудофиаи ИМА дар изҳороти муштарак тасдиқ карданд, ки интиқоли афроди мулкӣ аз фурудгоҳи Кобул 16-уми август оғоз ёфта, чанд рӯз идома мекунад. Фаронса, Британия ва Олмон мегӯянд, ки онҳо низ кормандони сафоратҳояшонро аз Афғонистон берун мекунанд. Аммо Русия гуфтааст, ки дипломатҳояш дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳороте гуфт, ки сафорати Тоҷикистон дар Кобул корашро ба таври маъмулӣ идома медиҳад.


15-уми август президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ Афғонистонро тарк кард ва Толибон дар шаҳри Кобул Қасри раёсатҷумҳурии ин кишварро ишғол намуданд. Сухангӯйи идораи сиёсии Толибон Муҳаммад Наим эълон кард, ки ҷанг хотима ёфт. Ӯ аз ташкили равобити сулҳомез бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ кард. Тибқи ахбори расида феълан интиқоли қудрат ба ҳукумати давраи гузариш баррасӣ мешавад, вале маълум нест, ки кай ин гузариш ба вуқӯъ мепайвандад ва кӣ аз миёни Толибон дар ин музокирот иштирок дорад. Рӯзи якшанбе сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон гуфт, возеҳ аст, ки ба зудӣ дар Афғонистон ҳукумати нав сари кор меояд. Ҷонсон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, дар алоҳидагӣ ҳукумати Толибонро эътироф накунанд. Ба қавли Ҷонсон, кишварҳои ғарбӣ бояд ҳамроҳ аз мавқеи муштарак ва ба воситаи механизмҳои байналмилалӣ ба монанди СММ ва пймони НАТО амал кунанд.

XS
SM
MD
LG