Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: интиқоли дипломатҳову мулкиҳо ба фурудгоҳи Кобул ба анҷом расид


Ҷангиёни Толибон дар беруни фурудгоҳи байналмилалии Кобул. 16-уми август
Ҷангиёни Толибон дар беруни фурудгоҳи байналмилалии Кобул. 16-уми август

Департаменти давлатии ИМА дар изҳороте гуфт, ки тамоми кормандони сафорати ин кишвар дар Кобул ба фурудгоҳи шаҳри Кобул интиқол дода шуданд ва фурудгоҳ таҳти назорати амниятии амрикоиҳо қарор дорад. Дар изҳорот инчунин омадааст, ки интиқоли дипломатҳо, кормандони мулкии амрикоӣ ва шаҳрвандони Афғонистон, ки дар давоми ҷанг ба амрикоиҳо ёрӣ расониданд, шурӯъ хоҳад шуд.

Дар як изҳорот Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ рӯзи 15-уми август гуфт, ки “интиқоли амни кормандони сафорат ба анҷом расид”. Дар як изҳороти аз ин пеши Департаменти давлатӣ ва Пентагон гуфта шуд, ки ҳавопаймоҳои мулкиву низомӣ аз 16-уми август ба тарки Кобул шурӯъ мекунанд ва ин кор чанд рӯз идома мекунад. Фаронса, Бритониё ва Олмон ҳам гуфтанд, ки ба берун бурдани кормандонашон аз Афғонистон оғоз намуданд.

Рӯзи 15-уми август, баъди он ки ҷангиёни Толибон ба шаҳри Кобул ворид шуданд ва президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кард, вақти бештари чархболҳои низомии амрикоӣ ба интиқоли кормандони сафорат ба фурудгоҳи Кобул сарф шуд. Муҳаммад Наим, сухангӯи Толибон эълон кард, ки дар Афғонистон ҷанг хотима ёфтааст ва ба равобити сулҳомез бо ҷомеаи байналмилалӣ даъват кард. Музокира барои интиқоли сулҳомези қудрат бо мақомоти баландпояи Афғонистон ҷараён дорад, вале ҳанӯз маълум нест, ки интиқоли қудрат чӣ гуна барпо мешавад ва аз ҷониби Толибон дар музорикаҳо чӣ нафароне иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG