Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон ба зидди густариши коронавирус маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешавад


Теҳрон, маркази Эрон
Теҳрон, маркази Эрон

Дар назар аст, ки барои пешгирӣ аз густариши вируси корона дар шаҳрҳои бузурги Эрон маҳдудияти шашрӯза ҷорӣ гардад.

Ин тасмим дар ҳолест, ки аз муқобила бо мавҷи панҷуми бемории ҳамагир дар ин кишвар хабар медиҳанд.

Маҳдудиятҳо аз рӯзи душанбе то шанбеи оянда дар бозорҳо, синамохонаҳо, марказҳои варзишӣ ва ресторанҳо ҷорӣ мешавад.

Гурӯҳи корӣ, ки дар Эрон ба зидди коронавируси нав мубориза мекунад, аз 15-уми август то рӯзи ҷумъа сафар аз як шаҳр ба шаҳри дигарро низ манъ кардааст.

Эрон рӯзи шанбе аз фавти 466 бемори мубтало ба коронавирус хабар дод. Дар як шабонарӯзи охир гирифтории наздик ба сӣ ҳазор кас тасдиқ шудааст.

Омори расмӣ баёнгари он аст, ки то кунун дар Эрон 4 миллиону 40 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шуда, зиёда аз 97 ҳазор кас ҷони худро аз даст додаанд. Шумори воқеии беморону қурбониёнро бештар аз ин медонанд.

XS
SM
MD
LG